"ШОҲНОМА". ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД РАСИД

02 декабр 2025, Сешанбе
16

Бо ташаббуси наҷиб ва фарҳангсолоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замони соҳибистиқлолӣ дар саросари кишвар иқдомҳои фарҳангии беназир роҳандозӣ мегарданд, ки ҳадафи он арҷгузорӣ ба мероси адабии ниёгон ва густариши худшиносии миллӣ мебошад.


Дар доираи ин ташаббусҳо, шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» бо теъдоди бузург нашр шуда, ба аҳолии ҷумҳурӣ ройгон тақдим мегардад. Инак, пас аз тақсим дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат, нусхаҳои тозанашри ин асари безавол ба вилояти Суғд расида, ба сокинон тақдим мешавад.
Тибқи маълумот, 1 миллиону 50 ҳазору 704 нусхаи ин шоҳасар тавассути қатора ба вилоят ворид шуда, мувофиқи тартиби муқарраршуда ба 525 ҳазору 352 оила тақдим мегардад.
Аз ҷумла, ҳафтаи равон 39914 нусхаи «Шоҳнома» ба сокинони ноҳияи Айнӣ тақдим гардид. Зимни суҳбат муовини раиси ноҳияи Айнӣ Фарҳод Мукаррамзода таъкид намуд, ки сокинони ноҳия ин иқдоми фарҳангиву маърифатиро бо эҳтиром ва сипосу қадршиносӣ истиқбол карданд. Ба гуфтаи ӯ, тақдими чунин туҳфаи маънавӣ дар тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои таърихии миллат нақши муҳим дорад.
Тақсими ройгони “Шоҳнома” қадами муҳим дар боло бурдани маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Расидани ин асар ба ҳар хонадон ба таҳкими худогоҳӣ, ватанпарварӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад.
Ин иқдом боз як намунаи равшани таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба рушди ҳувияти миллӣ, устувории тамаддуни тоҷикон ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабӣ мебошад.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.12.2025 №: 230