СУҒД. НАТИҶАГИРӢ АЗ ОЗМУНИ “ҲУНАРМАНДИ СОЛ”
Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол” ҷамъбаст гардид.
Бино ба иттилои Наимҷон Тоҳирзода, муовини сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, бо мақсади тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунарманди сол” баргузор ва ҷамъбаст шуд, ки дар он зиёда аз 44 ҳунарманд аз шаҳру ноҳияҳо бо пешниҳоди наздики 30 номгӯйи дастранҷи хеш иштирок намуданд.
Дар ҷамъбаст 15 ҳунарманд соҳиби дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гардиданд. Аз ҷумла, ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Гулистон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Бӯстон, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Истаравшан ва Спитамен аз беҳтаринҳо дониста шуданд.
Илова бар ин, як қатор ҳунармандони чирадасти вилоят барои иштироки фаъолона дар марҳалаи вилоятии Озмун бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадр шуданд.
Дар маросими ҷамъбаст таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ, рушди мероси фарҳангиву тамаддуни миллӣ ва густариши эҷодиёти халқ мусоидат мекунад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
