АГЕНТӢ. РУТБАҲОИ МАХСУСИ ХИЗМАТӢ ИВАЗ МЕШАВАНД

03 декабр 2025, Чоршанбе
23


Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум, лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои махсус ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардида, тасдиқ гардид.


Зафар Самад, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳа иброз дошт, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур мувофиқ намудани рутбаи махсуси директори Агентӣ дар низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зикр шуд, ки лоиҳаи мазкур тибқи тартиби муқарраргардида бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа карда шуда, дастгирӣ ёфтааст. Инчунин, қарори мазкур ба Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлат хароҷоти иловагиро талаб намекунад.
Таъкид гардид, ки рутбаҳои махсус ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
– Дар қарори мазкур ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар 14 рутбаи махсуси хизматӣ, яъне аз «қатории хизмати назорати маводи нашъаовар» то «генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар» муайян гардидаст,– гуфт Зафар Ализода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният.


Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.12.2025 №: 231