ҶАҲОН

03 декабр 2025, Чоршанбе
15


Бар асари обхезӣ ва ярч дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ беш аз 1000 нафар ҷон бохт
Мир 24. Бар асари обхезиву ярч, ки ахиран дар Шри-Ланка, Индонезия ва Тайиланд рух дод, беш аз ҳазор нафар ҳалок ва садҳо нафар бедарак шуданд.
Тибқи иттилои расмӣ, шумораи ҷонбохтагон дар Шри-Ланка ба 355 нафар расидааст. Дар маҷмуъ, аз тӯфони «Дитва» ҳудуди 400 ҳазор нафар зарар дидааст. Боз як миллион нафар ба ёрии марбут ба обхезӣ ниёз дорад. Дар Индонезия теъдоди қурбониёни обхезӣ ба 631 нафар расида, 472 нафар бедарак ва 2600 нафар маҷруҳ гардидааст. Офат 3500 биноро хароб ва як миллион нафарро маҷбур намуд, ки хонаҳои худро тарк созанд.
Дар Тайиланд 175 нафар ба ҳалокат расид ва дар Малайзия бошад, марги се нафарро тасдиқ намуданд.

The Economic Times: «Сафари Путин ба Ҳиндустон равобити ду кишварро тақвият хоҳад дод»
ТАСС. Тавре The Economic Times бо такя ба манобеи расмӣ хабар додааст, сафари давлатии Президенти Русия Владимир Путин ба Ҳиндустон, ки рӯзҳои 4-5-уми декабр дар назар аст, ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии ду кишвар хидмат мекунад.
Дар ҷараёни боздиди Роҳбари Русия аз Ҳиндустон, дар Деҳлии Нав як ҳамоиш барои доираҳои тиҷоратӣ баргузор мешавад, ки он ба масъалаҳои густариши содироти маҳсулоти мошинсозии Ҳиндустон ба бозори Русия, афзоиши интиқоли маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла баҳрӣ, омӯхтани имконияти пешниҳоди хидматҳои рақамӣ ва афзоиши хариди доруҳои истеҳсоли Ҳиндустон аз ҷониби Русия бахшида хоҳад шуд.
Александр Лукашенко: «Беларус ва Алҷазоир метавонанд гардиши молро ба таври назаррас афзоиш диҳанд»
Мир 24. Ба гуфтаи Президенти Беларус Александр Лукашенко, ки бо сафари расмӣ дар ин кишвари Африқои Шимолӣ қарор дорад, Беларус ва Алҷазоир метавонанд гардиши молро ба таври назаррас афзоиш диҳанд.
Роҳбари Беларус нахустин мулоқоти кории худро бо Иброҳим Буғалӣ, раиси Ассамблеяи миллии мардумии Алҷазоир, баргузор кард. Мавзуи аслии музокирот ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ буд. «Дар солҳои охир динамикаи муносибатҳои мо таҳким ёфт ва мо бояд дар ин самт пеш равем. Аммо гардиши молии имрӯза иқтидори кишварҳои моро инъикос наменамояд. Мо дар ин ҷо форуми доираҳои тиҷоратии Беларус ва Алҷазоир гузарондем ва муносибатҳои бевоситаи тиҷоратиро байни ширкатҳо ба роҳ мондем. Ман фикр мекунам, ки мо метавонем гардиши молро ба таври назаррас афзоиш диҳем. Мо мардуми содиқ ҳастем ва тавофуқҳои худро ба таври қатъӣ риоя хоҳем кард. Аз ҷониби мо ҳеҷ таъхире нахоҳад буд", – гуфт Александр Лукашенко.
«Мо умедворем, ки ин сафар барои ҳар ду тараф фоидабахш хоҳад буд. Шумо дар саноат, хоҷагии қишлоқ ва дигар соҳаҳо муваффақиятҳо ба даст овардаед. Системаҳои иқтисодии мо ба ҳам монанданд. Мо ба бисёр молҳое, ки дар Беларус истеҳсол мешаванд, ниёз дорем», – зикр кард раиси Ассамблеяи миллии мардумии Алҷазоир Иброҳим Буғалӣ.

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Синхуа. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин эълом кард, ки бо даъвати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз 3 то 5-уми декабр бо сафари давлатӣ дар Чин хоҳад буд.

Мир 24. Президенти Русия Владимир Путин бо фиристодаи вижаи Президенти ИМА Стивен Уиткофф дар Кремл мулоқот кард. Мавзуи асосӣ ҳалли буҳрони Украина, аз ҷумла пешниҳодҳои ИМА дар ин бора буд. Ҷаред Кушнер, домоди Президенти ИМА Доналд Трамп, низ дар ин нишаст аз ҷониби ИМА намояндагӣ кард.

Санаи нашр: 03.12.2025 №: 231