ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Барои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи ҷумҳурӣ шаҳодатнома таҳия гардид

Барои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи ҷумҳурӣ шаҳодатнома таҳия гардид

03 феврал 2023, Ҷумъа
308
0
Ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи ҷумҳурӣ, ба монанди мамнуъгоҳҳои давлатии «Бешаи палангон», «Дашти Ҷум», «Зоркӯл», Боғи миллии «Ширкент», «Боғи миллии Тоҷикистон», Парки табиии «Сари  Хосор»,  Резервати  биосферии «Ромит» ва барои 14 парваришгоҳ шиноснома таҳия гардид.
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, изҳор дошт, ки шиносномаҳои мазкур бо забонҳои русӣ ва англисӣ аз ҷониби Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зист омода шудаанд. 
Илова бар ин, мутахассисону кормандони Кумита бо мақсади беҳтар намудани ҳолати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳифзи ҳайвонот тадбирҳои зарурӣ андешида, дар фасли зимистони соли 2022 мунтазам чорабиниҳои биотехникӣ гузаронданд. Дар натиҷа зиёда аз 125 тонна маҳсулот дар ҷойи сукунат ва ҷамъшавии ҳайвоноти ваҳшӣ ҷой карда шуд. Мониторинги биологӣ ва омӯзиши ҳолати табиии намудҳои нодири олами ҳайвонот дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда нишон дод, ки ҳолати зимистонгузаронии онҳо муътадил мебошад. Соли сипаригардида, инчунин, хатсайрҳои сайёҳӣ дар шакли электронии замимаи мобилии Резервати биосферии «Ромит», Боғи табиии «Ширкент» ва ноҳияи Мурғоб бо нишон додани иншооту ҳудуди шаҳру ноҳияҳо таҳия шуданд.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
 
 
 
М. Файзуллозода: «Ҳадафи асосӣ таъмин ва кафолати бехатарии маҳсулот» 
Тоҷикистон, бо вуҷуди сард омадани зимистони имсола ва таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла буҳрони ғизоӣ, захираи кофии маводи ғизоиро дорад ва дар ин самт ба мушкилӣ мувоҷеҳ нахоҳад шуд.
Ин матлабро Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
– Назорат ва таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ самти асосии фаъолияти кормандони соҳа мебошад. Дар ин давра аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолӣ маҳсулоти ба меъёрҳои талабот ҷавобгӯнабуда, аз қабили 62478 кг маҳсулоти гӯштӣ, 11278 кг (литр) ширӣ, 1650 литр равғани рустанӣ, 31782 дона тухми паранда, 855 кг моҳӣ, 607 кг асал, 4691 кг маҳсулоти намакин, 6101 кг меваи хушк, 123081 кг меваю сабзавот ва 16482 кг полизӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян, аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуданд, – гуфт М. Файзуллозода.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ОБЁРӢ
Ҳамагӣ 86 дарсади ҳаққи  хизматрасонӣ пардохт шудааст 
– Соли гузашта Агентӣ дар кишвар бо зиёда аз 62 ҳазор истифодабарандаи об, ки назар ба соли 2021 қариб 1,5 ҳазор бештар мебошад, шартномаи додугирифт бастааст. Аммо аз 80,5 миллион сомонии ҳаққи умумии хизматрасонии об ҳамагӣ 69 миллион сомонӣ пардохт шуд, ки 86 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳол он ки маблағи қувваи барқи сарфшуда дар назди Агентӣ 125,77 миллион сомониро ташкил медиҳад, – изҳор дошт Зафарбек Давлат, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Ҳамзамон, мавсуф иттилоъ дод, ки қарзи истифодабарандагони об дар назди Агентӣ ба 170,3 миллион сомонӣ расида, боиси қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоию андозҳо, гардидааст. Барои рӯёндани ин қарзҳо ба мақомоти судӣ ва прокуратура аз ҷониби намояндагони Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат шуда, 14 миллион сомонӣ қарзҳо пардохт шуданд. 
Зафарбек Давлатзода дар посух ба суоли хабарнигори рӯзнома доир ба маблағгузории шабакаи обёрии “Даҳкатсой – Даҳанасой” гуфт, ки азбаски иҷрои ин кор хароҷоти бузургро талаб мекунад, Агентӣ дар ин самт барои ҷалби ҳарчи зудтари сармояи хориҷӣ талош дорад. Айни замон лоиҳаи сармоягузории бунёди канал дар доираи Лоиҳаи обёрии ҳавзаи Фарғона таҳия ва мавриди корбарӣ қарор дорад. Дар ҳолати сохтмони канали мазкур 4 ҳазор гектар замини нав ба гардиши кишоварзӣ ворид мешавад. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
 
РАҲИМ САНЪАТ: “ДАР ЯК СОЛ 130 НАЗОРАТИ ТЕХНИКӢ ГУЗАРОНДЕМ”
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 2592 корхона ва 11408 иншоот ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамот Раҳим Санъат Асо хабар дод ва зимнан иброз дошт, ки соли гузашта аз тарафи ҳашт нозироти давлатии марказӣ ва се нозироти комплексии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон дар корхона ва иншооти кишвар 130 назорати техникӣ, 96 нақшавӣ ва 34 ғайринақшавӣ гузаронда шуд.
Дар натиҷаи гузарондани назоратҳои техникӣ ба ҳамаи корхонаву ташкилот нишондод бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардида, барои бартараф намудани қоидавайронкуниҳо муҳлати муайян дода шуд. Ҳангоми гузарондани назоратҳои техникӣ Хадамот 1252 банди риоя нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кард. Ба роҳбарони корхонаву ташкилот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 130 санад-нишондод пешниҳод гардид. Аз тарафи кормандони Хадамот барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 297 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 1212632 сомонӣ ҷарима гардиданд. 
Раҳим Санъат гуфт, ки риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» дар корхонаҳо аз тарафи масъулон бояд ба таври қатъӣ риоя шавад, зеро аз ҷарима дида, риояи Қонун афзалияти бештар дорад. 
Зикр гашт, ки соли гузашта дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ дар истеҳсолот 40 ҳодисаи нохуш рух дода, дар натиҷа 25 нафар ҳалок ва 46 кас ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
 
 
 
 
АГЕНТИИ ҶАНГАЛ
Дар сардии зимистон талафоти ҳайвоноти нодир ба қайд гирифта нашуд
Абдуҷаббор Юсуфзода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз ҷониби Агентӣ бинобар сабаби аз меъёри муқаррарӣ сард омадани боду ҳаво ва боридани барфи зиёд, бо мақсади пешгирии талафоти ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир ба ташкилоту муассисаҳои соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор маълумоти фаврӣ – огоҳинома ирсол гардид.
Инчунин, барои беталаф баромадан аз сардии зимистон фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал, масъалаи таъмини ҳайвоноту паранда бо коҳ, рези гандум, ҷав, ҷуворӣ, намак ва дигар намудҳои хӯроки дурушт таҳти назорати гурӯҳи корӣ гирифта шуд. Аз ин рӯ, дар давраи аз 11 то 30 январи соли ҷорӣ дар ҳудуди хоҷагиҳои ҷангал ва шикоргоҳҳои Агентӣ ҳолати талафёбии ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир ба назар нарасид. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
ММҚ 
Мутахассисони нав бояд эҷодгари қонун бошанд
Соли гузашта аз ҷониби Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 135 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунҳои намунавӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда 623 таклиф манзур гардид. Ин нуктаро Иззатулло Саидзода, директори Марказ зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Ҳамзамон, таъкид гашт, ки Консепсияи такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Консепсияи лоиҳаи Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардиданд.
– Яке аз самтҳои муҳими кори Марказ тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар зинаҳои аспирантура, унвонҷӯӣ ва магистратура буда, айни ҳол 25 унвонҷӯ ва 9 магистр бо мавзуъҳои тадқиқотӣ ва роҳбарони илмӣ таъмин шуданд, – гуфт Иззатулло Саидзода.
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
ВҲИ
Аз 1991 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 60 адади он ҳалли мусбат ёфт 
Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони кишвар, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар соли 2022 ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1191 адад (2021 – 1951) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 362 муроҷиати хаттӣ, 825 муроҷиати шифоҳӣ, 1 муроҷиати электронӣ ва 3 муроҷиати телефонӣ мебошанд.
Мавсуф иброз дошт, ки тибқи таснифот муроҷиатҳо бештар ба ҳуқуқу озодиҳои зерини инсон ва шаҳрванд тааллуқ доранд: ҳуқуқ ба манзил (24), ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (21), ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ғамхории волидайн ва дар оила тарбия гирифтан (20), ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда (19), ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (19), ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ (11), ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот (5), ҳуқуқ ба пешгирии зӯроварӣ дар оила (5) ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ.
Аз 1991 муроҷиат 60-тои онро бевосита мо ба таври мусбат ҳал намудем, дигар муроҷиатҳоро ба мақомотҳои қудратӣ, вазорату ташкилотҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо фиристодем, ки аксар ҳалли худро ёфтанд, – гуфт Ваколатдор. 
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
Маҳмадшоҳ Гулзода: «Донишгоҳ соҳиби бинои нав гардид»
Ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки муҳимтарин рӯйдоди соли гузашта ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Он аз 10 ошёна, биноҳои паҳлуҳои росту чапаш аз чорошёнӣ иборат буда, шасту ду синфхонаи таълимӣ ва навад ҳуҷраи кориро фаро мегирад.
Соли рафта Донишгоҳ 1874 мутахассиси соҳаи тандурустӣ тарбия кард, ки аз онҳо 365 нафар шаҳрванди хориҷӣ аст. Шумораи ҷойҳои қабул барои довталабон низ ба 500 нафар афзуд.
– Нахустин маротиба дар давоми ҳабдаҳ рӯзи моҳи апрел Олимпиадаи байналмилалӣ дар панҷ номина барои олимону донишҷӯёни ҷавон гузашт, ки Донишгоҳи мо мизбон ва муассиси он буд. Иштирокдорон аз кишварҳои  Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркия ба таври онлайн ва бевосита ҳузур доштанд. Ҳамзамон, устодону пажӯҳишгарони мо 21 монография, 63 пешниҳоди навоварӣ таҳия намуда, 21 ихтироъ, ки яке аз онҳо авруосиёӣ аст, ба даст оварданд, – гуфт Маҳмадшоҳ Гулзода.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
ДТТ
5 озмоишгоҳи нав ифтитоҳ ёфт
Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки соли  2022-ро Донишгоҳ “Соли муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳои кафедраҳои тахассусии донишгоҳ” эълон карда буд. 
Вобаста ба ин, бо татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ 5 озмоишгоҳи таълимиву илмии муосир, аз ҷумла “Озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии чопӣ-3D (Cezeri Lab)”, “Озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон”, “Озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ”, “Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – “Коргоҳи Лубан” ва “Маркази омӯзиш оид ба асосҳои бехатарии истеҳсол ва истифодаи бадонҳои оксиген” мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ректор вобаста ба саволи хабарнигори рӯзнома, дар бораи шумораи донишҷӯёни хориҷшуда баён дошт, ки танҳо соли сипаригардида аз Донишгоҳ 1500 донишҷӯ бо сабабҳои гуногун хориҷ шуд.
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 2023-02-01 №: 28
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив