«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

08 декабр 2025, Душанбе
2


Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4-уми декабр бо супурдани ҷоизаҳо ба ғолибон ҷамъбаст гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат, раиси комиссияи Озмун Дилрабо Мансурӣ иброз дошт: «Дар ҳақиқат, довталабон китобҳои зиёди бадеиро мутолиа намуда, ҳазорон байтро аз худ кардаанд, ки аз шунидани баромади онҳо дилҳо лабрези шодӣ ва фараҳ гардиданд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, роҳи наҷот аз ҷаҳолат, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва дода нашудан ба ҳама гуна идеологияҳои дурӯғину фитнаангез китобхонӣ, бофарҳангӣ, зиракии сиёсӣ ва донистани таъриху маданияти халқи худ мебошад. Бо таъкид изҳор медорем, ки омӯзгорон, зиёиён ва падару модарон бояд бештар китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд, тарғибгарони китобу дониш бошанд, ҷомеаро аз ҷаҳолату нодонӣ огоҳ созанд ва барои фардои дурахшони насли наврас роҳнамо гарданд».
Дилрабо Мансурӣ ба омӯзгороне, ки шогирдони босаводу бомаърифат тарбия намудаанд, ба падару модароне, ки барои китобҳои бадеӣ хондани фарзандони худ шароити мусоид фароҳам овардаанд, аз номи муассиси Озмун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сипосу миннатдорӣ намуд.
Ба гуфтаи мавсуф, ҳайати ҳакамони Озмун 94 нафарро ғолиб дониста, бо диплом, мукофоти пулӣ, инчунин, чор нафари онҳоро бо Шоҳҷоиза қадр карданд. Ғолибони ҷойи якум бо 70 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм бо 40 ҳазор сомонӣ ва барандагони Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ сарфароз гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат, баргузор мегардад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.12.2025 №: 233