Ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ 

08 декабр 2025, Душанбе
6


Дар шаҳри Москва таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки роҳбарони ҳайатҳо дар қолаби маҳдуд ва васеъ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкории иқтисодӣ дар ҳавзаи Иттиҳод табодули афкор намуданд.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Фаридун Синирлиоғлу
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори САҲА дар шаҳри Вена бо Дабири кулли ин Созмон Фаридун Синирлиоғлу вохӯрд.
Тавре маркази матбуоти Вазорат хабар додааст, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ: низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.


Ширкати вазири маориф ва илм дар ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ
Дар пойтахти Шоҳигарии Белгия – шаҳри Брюссел, ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) баргузор шуд.
Дар ҷаласа вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҳамчун аъзои Шурои директорон аз ҳавзаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик иштирок намуд.
Дар ин хусус маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.


Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ
Дар шаҳри Душанбе муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Ҳамрализода бо муовини намояндаи минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (UNFAO) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Набил Ганҷи мулоқот дошт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо UNFAO ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар намуданд.


Баррасии рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов бо сардори раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Олмон Волфганг Долд мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Олмон ба таҳкими робитаҳои дуҷониба манфиатдор мебошанд.


Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо котиби генералии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Кайрат Сарибай вохӯрд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ тавзеҳ додааст, зимни мулоқот таъкид гардид, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар давраи фаъолияташ ҳамчун механизми муассири ҳамкории гуногунҷанба, ки ба таҳкими тадбирҳои эътимод, ҳамсоягии нек ва муколамаи созанда барои ҳалли мушкилоти замони муосир хизмат мекунад, шинохта шудааст.

Санаи нашр: 08.12.2025 №: 233