КОРРУПСИЯ. ДАР МУҚОВИМАТ БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

08 декабр 2025, Душанбе
2


Таҳти раёсати муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо иштироки муовини сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Рабизода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони масъули иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгоҳи марказӣ ва намояндагони шуъбаҳои минтақавии бонк, ки ба таври фосилавӣ ба ҳамоиш пайвастанд, вохӯрии корӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни он масъалаҳои марбут ба пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир гардидани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта мусоидат мекунанд, инчунин, татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуданд.
Гулбаҳор Назирӣ зикр кард, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди ҷомеа буда, эътимодро коҳиш медиҳад, муҳити иқтисодиро халалдор месозад ва хилофи принсипҳои адолати иҷтимоӣ амал менамояд. Ҳамин аст, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол, бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои устувори ҳуқуқию ташкили мубориза бар зидди коррупсияро фароҳам овардааст.
Сипас, муовини директори департаменти аудити дохилии бонк Бӯстоналӣ Холиқов доир ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия иттилоъ дода, ёдовар шуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021 №222 Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардида, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми соҳавӣ ҳар сол нақшаҳои дохилиидоравии амалисозии онро таҳия ва татбиқ мекунад.
Диловар Рабизода оид ба зарурат ва аҳамияти Стратегия сухан ронда, бо овардани мисолҳои мушаххас механизмҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсиониро шарҳ дод.
Дар ҳамоиш зикр гашт, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, ҳар як шаҳрванд бояд бо ин зуҳурот муқовимат намояд ва дар пешгирии он саҳми худро гузорад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 08.12.2025 №: 233