Иштироки Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи парламентии СААД
8-уми декабр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи муштараки Шуро ва ҷаласаи ҳаждаҳуми пленарии Ассамблеяи парламентии СААД иштирок ва суханронӣ намуд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки Ассамблеяи парламентии СААД аз оғоз дар амалӣ намудани нақша, вазифаҳо ва талаботи Ойиннома ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Қабули беш аз сад санади модели қонунгузорӣ, аз ҷумла қонунҳои намунавӣ ва тавсияҳо оид ба ҳамгунсозии соҳаҳои алоҳидаи қонунгузорӣ, аз самаранокии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дарак медиҳад.
Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ
Дар шаҳри Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гашт. Дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ иштирок кард.
Тавре ба хабарнигори «Ҷумҳурият» аз мақомоти Ваколатдор иттилоъ доданд, зимни ҷаласа намояндаи Тоҷикистон дар мавзуи «Таҷрибаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои татбиқи Барномаи умумиҷаҳонии СММ доир ба таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон» маъруза намуд.
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ
Дар шаҳри Токио Форуми сатҳи баланд оид ба фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ –
2025 баргузор гашт, ки дар он ҳайати ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии муовини вазири молия Сарвар Қурбониён иштирок намуд.
Дар Форум намояндагони сохторҳои давлатии кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки рушди Осиё, иштирок карданд.
Машваратҳои роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус
8-уми декабр дар Душанбе машваратҳо байни роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус баргузор шуданд.
«Дар рафти машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ташаккули заминаи ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд»,– иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир
Дар шаҳри Вена бо дастгирии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иҷлосияи муҷаддади Комиссияи Созмон оид ба маводи мухаддир ва ҷаласаи Комиссия оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноятӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар он ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иштирок намуд.
Дар хабар омадааст, ки чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гардида, натиҷаҳои он тадбирҳои муштаракро дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таҳким мебахшанд.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ
7-уми декабр дар шаҳри Риёз вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар дар умури консулӣ Иҳоб ан-Наҷҷор баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар мулоқот густариши ҳамкории консулӣ ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.
