УМРЕ САРБАЛАНД

09 декабр 2025, Сешанбе
7


Дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки маҳз бо донишу маданияти баланд, камоли касбият, пурмеҳриву қаноатмандӣ ва ростқавлию покдилиашон дар қалби дигарон маъво мегиранд ва дақиқкорию садоқатмандӣ, устуворию тавоноиашон онҳоро дар ёду хотири неки ҳамасрон ба таври ҷовидонӣ нигоҳ медоранд. Маҳз ба шарофати чунин инсонҳои неку наҷиб ва шарафмандии онҳо ҷомеа рушд мекунаду Офтоб мунаввартар нур мепошад ва дастоварду пешравиҳои тоза ба тоза ба даст меоянд.
Бобохонов Бобоҷон Каримович яке аз чунин инсонҳои сарбаландест, ки маҳз бо меҳнати ҳалолу қалби пок, ватандӯстиву инсонпарастӣ ва ростқавлию накукории хеш дар давоми тамоми фаъолияти меҳнатии худ дар дилу дидаи мардум маъво гирифта, соҳиби обрӯву манзалати баланд, эҳтироми хоссаи ҳамкорону роҳбарони сатҳи аввал ва мақому мартабаи алоҳидаи инсонӣ ҳаст.
Ӯ солҳои 2000-2010-ум, ки вазифаи пурмасъулияти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва он солҳо ҳанӯз мушкилиҳои ҷомеаи навбунёди кишвари тозаистиқлоли мо бештар буданд, бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлу ба паҳлу истода, дар кори мушкилу пуршарафи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави мамлакат бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳиссаи босазои худро гузоштааст.
Роҳи тайкардаи касбии Бобохонов Б. К. осонгузару саҳл набуда, басо мушкилу печдарпеч ва сангину имтиҳондор буд. Вале Бобоҷон Каримович ба ҳамаи ин душворию мушкилиҳои соҳа ва зиндагӣ тан надода, бо иродаи матину сабру тамкин ва мушкилнописандиҳо ба қуллаҳои баландтарини муроду мақсадҳои наҷиби хеш расид. Ӯ соли 1973 баъди хатми шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) фаъолияти меҳнатиашро дар мақомоти прокуратура ба ҳайси коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Вахш оғоз бахшида, дар ин вазифа солҳои 1973-1978 кор кардааст. Солҳои 1978-1979 прокурори шӯъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа буд. Дар давоми солҳои 1979-1985 вазифаи муовини прокурори ноҳияи Вахшро бар дӯш дошт. Баъдан, солҳои 1985-1990 дар вазифаи прокурори ноҳияи Панҷ фаъолият намудааст. Мавсуф солҳои 1990-1993 ёрдамчии калони прокурори вилояти Қӯрғонтеппа буд. Ӯ солҳои 1993-1996 дар вазифаи пурмасъулияти прокурори вилояти Хатлон адои вазифа кардааст. Солҳои 1996-1997 прокурори вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) ва солҳои 1997-2000-ум муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз 26-уми апрели соли 2000-ум то соли 2010 дар вазифаи пурмасъулияти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона кор кардааст.
Мавриди ёдоварист, ки дар солҳои 2000-ум ҳанӯз мақомоти мубориза бар зидди коррупсия созмон дода нашуда буд. Дар самти муборизаи беамон бар зидди коррупсия Прокуратураи генералӣ саҳми хеле бориз дошт. Дар ин солҳо кишвари мо дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили мубориза бар зидди коррупсия, густариши алоқаҳои байналмилалӣ дар ин самт қадамҳои устувор гузошта, обрӯи байналмилалии худро хеле боло бурда, ба Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Аврупо ҳамроҳшавии худро тасдиқ намуд, ки дар ин ҷода саҳми шахсии Прокурори генералӣ хеле назаррас буд. Дар он рӯзҳо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонов Б.К. ба сифати ҳамоҳангсози миллии иҷрои Нақшаи амалҳо оид ба мубориза бар зидди коррупсия таъин гардид. Дар ин давра дар асоси пешниҳоди Прокуратураи генералӣ аз тарафи Вазорати маориф Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ барои солҳои 2005-2010 таҳия гардида, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 425 аз 1-уми ноябри соли 2004 тасдиқ шуд. Инчунин, дар ин айём таклифи Прокурори генералӣ дар хусуси дар ҳайати Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун сохтори мустақил барқарор кардани Хадамоти кор бо ноболиғон бо мақсади паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни онҳо аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирии мукаммал ёфт. Бояд зикр намуд, ки доир ба таърихи фаъолияти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои он дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар тули 80 сол китоби ҷашнӣ бо роҳбарии Прокурори генералӣ Бобохонов Б. К. таҳия ва нашр шуд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат ба муносибати 80-солагии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 24-уми декабри соли 2004 дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, дар суханрониашон бо қаноатмандии зиёд нисбат ба кормандони мақомоти прокуратура зикр карданд: “Прокуратура яке аз сохторҳои муҳимтарини низоми давлатдорӣ буда, ба ягон шохаи ҳокимият тааллуқ надорад ва иҷрои ҳатмии қонунҳоро аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон назорат намуда, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меоварад”. Дар ин давра бо ташаббуси Бобохонов Б. К. бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия Прокуратураи генералӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки он қабул карда шуд.
Таҳти сарварии шоистаи Прокурори генералӣ кормандони мақомоти прокуратура дар якчанд конфронсҳо дар Фаронса, Туркия, Украина ширкату суханронӣ намуда, дар тайёр ва гузарондани Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Тоҷикистон бар муқобили коррупсия” иштироки фаъолона доштанд. Рӯзҳои 15-17-уми ноябри соли 2005 Прокуратураи генералӣ якҷоя бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Сафоратхонаи Фаронса Конфронси минтақавии “Симои коррупсия дар Осиёи Марказӣ, сабабҳои коррупсия ва чораҳои мубориза бар зидди он”-ро доир намуданд, ки дар он кормандони мақомоти бар зидди коррупсия махсусгардонидашуда, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва васоити ахбори оммаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Фаронса, Амрико, инчунин, созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. Моҳи ноябри соли 2005 ҳайати намояндагии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Аврупо ҷиҳати мониторинг бо рафти воқеии иҷрои тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, кори анҷомдодашударо дар ин самт мусбат арзёбӣ намуд. Таҳти назорати Прокурори генералӣ ҳолати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” ва “Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ” таҷрибаи тафтишотию судӣ бо ин қабил ҷиноятҳо мавриди санҷиш ва таҳлил қарор гирифта, бо натиҷаи онҳо чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ амалӣ гардонда шуданд. Дар давоми даҳ соли фаъолияти пурсамари худ Бобохонов Б. К. дар мансаби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому мартабаи Прокуратураи генералиро дар сатҳи мамлакат ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле боло бурда, тавонист, ки барои боз ҳам беҳтар намудани самаранокии назорати прокурорӣ корҳои зиёду пурсамарро анҷом диҳад. Ҳамчунон, вобаста ба таҳкими муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо прокуратураҳои ИДМ корҳои пурарзишу натиҷабахше ба сомон расонда шуданд. Дар ин раванд дар шаш моҳи соли 2006 иҷрои қарорҳои Шурои ҳамоҳангсозии прокуратураҳои генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 98 супориши байналхалқиро оид ба расондани ёрии ҳуқуқӣ сари вақт ва босифат ба иҷро расонда, ҳамзамон 60 супориш ба дигар мамлакатҳо барои иҷро фиристода шуданд. Дар ин муддат ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” ҳамчун самти афзалиятноки прокурорӣ ба шумор рафта, мунтазам мавриди санҷишу муҳокима қарор гирифта, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани самаранокии назорати прокурорӣ дар ин самт чораҳои зиёди зарурӣ андешида шуда буданд. Имрӯзҳо Бобохонов Бобоҷон Каримович ба синни мубораки 80 қадам гузошта, давлати пирӣ меронад. Мо ифтихорманд аз он ҳастем, ки бо чунин инсони шарифу наҷиб ҳамкор будем ва аз таҷрибаи баланди касбии ӯ пурсамар омӯзиш карда, беҳтарин сифатҳои инсонии эшонро аз бар кардаем. Таманнои онро дорем, ки боз солиёни зиёде саломату сарбаланд умр ба сар бурда, аз таҷрибаи ғании корию ҳаётии хеш ба шогирдону фарзандону наберагон сабақи бештар диҳанд.

Муҳаммадвалӣ ШАҲИДУЛЛОЗОДА,
Корманди фахрии прокуратураи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Санаи нашр: 09.12.2025 №: 234