“ШОҲНОМА”. ТУҲФАИ ПРЕЗИДЕНТ БА ШАҲРИ ГУЛИСТОН РАСИД

09 декабр 2025, Сешанбе
17


Дар шаҳри соҳили “Баҳри Тоҷик” – Гулистон маросими тақдими туҳфаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон –
“Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бо теъдоди 23 ҳазору 300 нусха баргузор шуд.
Дар Кохи "Истиқлол", бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, сокинони шаҳр бо арзи сипос “Шоҳнома”-ро ба даст гирифта, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро иброз доштанд.
Баъдан, раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ва муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват ба манзили зисти ашхоси барӯманди шаҳр Санавбар Нуруллоева, Ғайбулло Зайниддинов ва Гавҳар Исоева ташриф оварда, армуғони ҷашнии Пешвои миллат китоби “Шоҳнома”-ро ба онҳо тақдим намуданд.
– Пешвои миллат диди борикбин доранд. Дар ҳар як баромаду суханронии хеш шаҳрвандонро ба худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ даъват менамоянд. Ба ҳар як оилаи сокини кишвар тақдим намудани достони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ибтикори навбатии Сарвари фарҳангпарвари давлат дар ҷодаи эҳтирому арҷгузорӣ ба ниёгони пурифтихори мост, – аснои суҳбат андешаҳои хешро иброз кард, раиси шурои собиқадорони меҳнат Каромат Қосимова.
– Бешубҳа, тақдими шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” аз ҷониби Сарвари хирадоини давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии шаҳр дар амри тақвият ёфтани меҳанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва донишандӯзиву касбомӯзӣ саҳми шоиста мегузорад,– баён дошт Ӯктамой Раҳмонова.
Ин иқдоми камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат “Пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад”.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.12.2025 №: 234