ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ. ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ҚУВВАИ БАРҚ ҶИНОЯТ АСТ!
Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи алоҳида (253 иловаи 2) пешбинӣ шудааст, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ ва васл кардани таҷҳизоти истеҳсолкунандаи дороиҳои маҷозӣ (майнинг фермаҳо) муқаррар менамояд.
Ин нуктаро Шуҳрат Ғанизода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз намуд. Ӯ изҳор дошт, ки лоиҳаи қонун бо мақсади пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ барои истеҳсоли дороии маҷозӣ таҳия гардидааст.
Вобаста ба ин масъала, Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки ошкор гардидани ҳолатҳои зиёди дуздии қувваи барқ бо роҳи васл кардани таҷҳизоти истеҳсолкунандаи дороиҳои маҷозӣ (майнинг фермаҳо) дар баъзе шаҳру ноҳияҳо норасоӣ ва маҳдудияти қувваи барқро ба таври сунъӣ эҷод карда буд. Бинобар ин, барои аз байн бурдани ин хавфҳо ҳамчун ҷиноят эътироф намудани ғайриқонунӣ истифодабарии қувваи барқ барои истеҳсоли дороиҳои маҷозӣ зарурат ба миён овард. Бо ин мақсад таклиф карда шуд, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253 иловаи 2 бо мазмуни «Ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ барои истеҳсоли дороии маҷозӣ» илова карда шавад. Моддаи мазкур аз 3 қисм иборат буда, қисми якуми он ҷазоро бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15 000 сомонӣ то 37 500 сомонӣ) ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ менамояд.
– Прокуратураи генералӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истеҳсоли дороиҳои маҷозӣ (криптоасъор) дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд, – гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
