ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТ БО ҲАЙАТИ ДАФТАРИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ КОНФЕДЕРАТСИЯИ ШВЕЙТСАРИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Дафтари ҳамкории иқтисодии Конфедератсияи Швейтсария (SECO) таҳти роҳбарии Дениз Люти, директори Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ва Роналд Гиндрат, менеҷери барномаҳои минтақавии SECO вохӯрд.
Фирдавс Толибзода зикр намуд, ки низоми молиявии кишвар тайи солҳои охир ба марҳалаи нави рушди устувор ворид гашт, таҳкими низоми бонкӣ, рушди хидматрасониҳои рақамӣ, афзоиши фарогирии молиявӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз дастовардҳои муҳим ба шумор мераванд.
Таъкид шуд, ки лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ «Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон» (марҳалаи II), ки бо дастгирии SECO амалӣ мегардад, ба татбиқи стандартҳои Basel II-III, таҳким бахшидани назорати ба хавф нигарондашуда, ҳамгироии хавфҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, такмили инфрасохтори низоми пардохтҳо ва таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хидматрасониҳои молиявӣ мусоидат намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз SECO даъват ба амал овард, ки дар такмили минбаъдаи низоми макропруденсиалӣ, таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ дар самти ҳимояи истеъмолкунандагони хидматрасониҳои рақамӣ ва суғуртавӣ, ташкили барномаҳои омӯзишии иловагӣ, инчунин, баррасии имконияти оғози марҳалаи III мусоидат намояд.
Сипас, таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии техникии лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ ва SECO «Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон» идома ёфт.
Зимни ҷаласа натиҷаҳои санҷишҳои марҳалавӣ ва пешрафтҳои асосии лоиҳа тавассути рӯнамоҳо манзур гардида, масъалаҳои муҳими такмили назорати бонкӣ, таҳлили хавфҳо, суботи молиявӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хидматрасониҳои молиявӣ ва беҳтарсозии инфрасохтори низоми пардохтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баргузории ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии техникӣ ба ҷонибҳо имкон дод, ки ҳолати ҷории татбиқи лоиҳа, мушкилот ва амалҳои минбаъдаро баррасӣ намуда, барои суръат бахшидани ислоҳот ва тақвияти ҳамкорӣ миёни мақомоти кишвар ва шарикони рушд тавсияву пешниҳод манзур намоянд.
Дар анҷом, бо ишора ба ҳамкории судманди тулонӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва шарикони рушд изҳори умед шуд, ки робитаҳо минбаъд низ густариш ёфта, ба таҳкими устувории низоми молиявии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.12.2025 №: 234