КӮЛОБ. ПЕШВОЗИ БОШУКӮҲИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
6-уми декабр дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар шахсони масъул бо шукӯҳу манзалати хосса истиқбол намуданд.
Раиси шаҳр ба ғолибони Озмун таъкид намуд, ки маҳз бо ғамхории бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имконият фароҳам гардид, ки дар озмунҳои сатҳи баланди ҷумҳурӣ иштирок намуда, дониши худро сайқал диҳед. Имрӯз шаҳри бостонии Кӯлоб маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии шумо ид дорад, шумо тавонистед, ки ифтихори ин шаҳри куҳанбунёд гардед.
Маврид ба зикр аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз шаҳри Кӯлоб 4 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардид.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.12.2025 №: 234