Мулоқот бо намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Ҳамрализода намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Рабалланро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо байни ҷумҳурии мо ва Бонки ҷаҳониро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, инфрасохтор ва ғайра мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорат иттилоъ додааст.
Таҳлилу натиҷагирӣ аз даъвати тирамоҳӣ
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиа фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ дар давраи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре сардори раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Вазорат Илҳом Ализода ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар ҷаласа таъкид гардид, ки сол ба сол шумораи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ афзоиш меёбад ва ин аз дарки баланди масъулиятшиносӣ, ватандориву худогоҳии шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.
Вохӯрии сафир бо директори генералии Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода бо директори генералии Дафтари минтақавии Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) Вилли Вош мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба зарфияти Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ табодули афкор намуда, нақши соҳаро дар рушду нумӯи самтҳои дигари иқтисоди миллӣ, аз ҷумла сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ, муҳим арзёбӣ карданд.
Мулоқоти Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Николай Журавлёв
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини раиси Шурои федералӣ Николай Журавлёв вохӯрд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар хабар додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Россияро дар чаҳорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои минтақавӣ, баррасӣ намуданд.
Ҷаласаи навбатии Шурои директорони Бунёди иқлими сабз
Салоҳиддин Киром, сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурӣ дар Корея, дар вохӯрии навбатии дӯстони Бунёди иқлими сабз (GCF) иштирок кард.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар чорабинӣ натиҷаҳои фаъолияти бунёд дар соли 2025 ва нақшаҳои он барои соли оянда баррасӣ шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷаласаи навбатии Шурои директорони Бунёд охири моҳи июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳуқуқии Беларус
Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Форуми ҳуқуқии Беларус таҳти унвони «Ҳуқуқ дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид. Дар Форум муовини вазири адлия Зафар Сафарализода иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре ба хабарнигори мо дар маркази матбуоти Вазорати адлия тавзеҳ доданд, дар чорабинӣ масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар бораи никоҳ ва оила ва танзими фаъолияти адвокатӣ, истеҳсолоти иҷро баррасӣ шуданд.
Муаррифии минералҳои фоиданоки кишвар дар конгресси байналмилалӣ
«Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди минералҳои муҳим ва ҳаётан зарурӣ мебошад, ки дар марҳалаҳои гуногуни омӯзиш қарор доранд».
Ин матлабро намояндаи ҷумҳурии мо дар Конгресс ва намоиши байналмилалии «Саноати кӯҳии Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Тошкент иброз дошт.
Дар Саридораи геология ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки ҳамоиш беш аз 200 роҳбари корхонаҳои пешрафтаи саноати кӯҳии Ӯзбекистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба ҳам овард.
Вохӯрӣ бо мушовири дафтари барномаҳои САҲА
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шариф Норзода бо мушовири Дафтари барномаҳои САҲА оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Муҳаммад Эмраҳ мулоқот анҷом дод.
Дар хабари пахшнамудаи дафтари матбуоти Вазорат омадааст, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои шиносоӣ ва баррасии ҳамкориҳои дуҷониба барои соли 2026, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Бонки рушди Осиё ва таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
Тибқи иттилои ба ихтиёри хабарнигори мо гузоштаи маркази матбуоти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, раиси он Фарҳод Раҳимӣ зимни сафари кории хеш ба Филиппин бо ҳайати масъулони департаменти рушди иҷтимоии Бонки рушди Осиё вохӯрд.
Ҷонибҳо вазъи кунунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро таҳлил намуда, зарурати таҷдиди инфрасохтори таълимӣ, гузариш ба стандартҳои салоҳиятнок, рушди малакаҳои касбӣ ва рақамӣ, инчунин, рақамикунонии пурраи раванди касбомӯзиро ҳамчун самтҳои афзалиятнок таъкид намуданд.
