ҲИСОР. ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ИҶРО ШУД

10 декабр 2025, Чоршанбе
9


Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ҳисор ба ифтихори иҷрои муваффақонаи дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар соли 2025 бо иштироки вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ доир гардид.
Чорабиниро раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ифтитоҳ намуда, пахтакоронро барои ба марраи мурод расидан самимона муборакбод гуфт. Мавсуф зикр кард, ки соли ҷорӣ пахтакорони шаҳр дар майдони 741 гектар кишти чигит гузаронда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 23,6 сентнер ва дар баъзе хоҷагиҳо 30-40 сентнер ҳосили пахта рӯёнданд.
Вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода дар баробари таманниёт ба кишоварзон ёдрас шуд, ки 7-8-уми июли соли равон дар пойтахти давлати Италия – шаҳри Рим ҷаласаи гурӯҳи илмию машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид ва аз ҷониби Созмони мазкур ба дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ, ки ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд, Сертификати байналмилалии ФАО тақдим карда шуд.
Қурбон Ҳакимзода аснои тақдими Сертификати байналмилалии ФАО ба раиси шаҳри Ҳисор афзуд, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нусхаи аслии Сертификати мазкур дар Осорхонаи миллӣ ва нусхаҳои дигар дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва шаҳри Ҳисор маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кишоварзон, аз ҷумла ба ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “Латиф Муродов”, “50-солагии Октябр”, хоҷагиҳои пешқадами ҷамъиятию деҳқонии пахтакор, хоҷагиҳои таҷрибавӣ, ҷамоатҳои деҳоти пахтакор, ба беҳтарин бригадир, механизатор, обмон, чинакчӣ, инчунин, муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ барои сафарбарии муташаккилонаи чинакчиён дар ҳашарҳои умумӣ сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.


Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 10.12.2025 №: 235