ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

10 декабр 2025, Чоршанбе
21


Ҷинояткори собиқ боз даст ба авбошӣ зад
Як сокини ноҳияи Панҷ, ки қаблан бар асоси моддаҳои 3381 (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) ва 247 (қаллобӣ) Кодекси ҷиноятӣ, суд шудааст, ин навбат ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Гумонбаршуда, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 30-сола ном мебарад, 6-уми декабри соли ҷорӣ ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштан бо амакаш (марди 46-сола) муноқиша карда, ӯро бо зарби корд захмӣ кардааст. Дар натиҷаи ин амал, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Айни ҳол, нисбат ба гумонбар бо моддаи 237, қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (авбошӣ) парванда оғоз шудааст, ки ин банди Қонун ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳафт солро пешбинӣ менамояд.


Марди кордбадаст ҳаёти худро доғдор кард
Кормандони милитсия дар ноҳияи Мастчоҳ марди 35-солаеро боздошт намуданд, ки ба суиқасди одамкушӣ гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, дастгиршуда дар натиҷаи як моҷаро бо ҷавони 26-солаи сокини ҳамин ноҳия даргир шуда, бо 3 зарби корд ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст.
Дар робита ба ин кирдор, алайҳи марди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32, қисми 3 (тайёрӣ ба ҷиноят, суиқасди ҷиноят) ва моддаи 104, қисми 1 (одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар) Кодекси ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.


Боздошти марде, ки маводи тарфгарӣ мефурӯхт
Дар ноҳияи Балҷувон ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ошкор гардида, як сокини ноҳия ба далели машғул шудан ба ин кирдор дастгир шуд.
Тавре маркази матбуоти ВКД дар ин бора хабар дод, кормандони милитсия 5-уми декабри соли 2025 ҳангоми гузарондани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ аз мағозаи марбут ба марди 32-сола, воқеъ дар ҳудуди бозори марказии ноҳия, фурӯши ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори калонро ошкор карданд. Ҳангоми азназаргузаронии мағоза 70 қуттӣ бо 10-адад қуттичаҳо, ки дар дохили онҳо 45 адад капсула, 31 ҳазору 500 адад капсулаи тарфгарӣ (пиротехникӣ) мавҷуд буд, дарёфт ва мусодира гардид, ки нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.


Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 10.12.2025 №: 235