ФАЙЗОБОД. БАРДОШТ АЗ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ
Бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфоваи ноҳияи Файзобод ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, ки ҳамасола 9-уми декабр ҷашн гирифта мешавад, зери унвони "Дастовардҳои миллӣ дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Иштирокчиён дар мавзуъҳои «Мубориза бо коррупсия – кори дастҷамъӣ», «Заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди коррупсия», «Рушди қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо коррупсия» ва «Зуҳуроти номатлуби коррупсия ва оқибатҳои хатарноки он ба сулҳ, амният ва суботи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон» маърузаҳо шуниданд. Сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт Дилшод Акобирзода иброз дошт, ки «дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлоли давлатӣ бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо коррупсия қадамҳои устувор гузошта, барои пешгирии он тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва мубориза бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007 мақомоти махсус – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Вазифаҳои асосии ин мақомот аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмуи тадбирҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ иборат мебошад.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (17-уми феврали соли 2022) коррупсияро кирдори хатарноки зиддидавлатӣ номида, таъкид доштанд, ки ин амали нангин обрӯи давлатро дар дохил ва хориҷи мамлакат коҳиш дода, асосҳои давлатдориро заиф менамояд. Аз ин хотир мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини амнияти иқтисодӣ ва давлат мебошад. Сарвари давлат коррупсияро дар баробари терроризму ифротгароӣ аз ҷумлаи мушкилоти глобалӣ номида, бар зидди он муборизаи беамон эълон намуданд.
Дар охир гуфта шуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, "Ҷумҳурият"
