ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРДАР БЕРДИМУҲАМЕДОВ

12 декабр 2025, Ҷумъа
9


11-уми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод дар шаҳри Ашқобод бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ як қатор масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ гашт.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори дар руҳияи шарикии стратегӣ рушд додани ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад.
Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар самтҳо зоҳир гардид.
Алоқамандии ҳар ду кишвар ба густариши робитаҳои фарҳангию башарӣ зикр шуд.
Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди назари ҷонибҳо қарор гирифт.

Санаи нашр: 12.12.2025 №: 236