ИНФРАСОХТОРИ КОММУНАЛӢ ВА БИНОҲОИ БАЛАНДОШЁНА. ДАР ИН САМТ ЧӢ КОРҲО ҶАРАЁН ДОРАНД?
Имрӯзу фардои пойтахт бо суръати баланди шаҳрсозӣ тавъам буда, шумораи биноҳои нави баландошёна дар Душанбе сол ба сол меафзояд. Бо ин раванд, масъалаи таъминоти устувори чунин биноҳо бо об, гармидиҳӣ ва хизматрасониҳои санитарӣ ба яке аз мавзуъҳои муҳими рӯз табдил ёфтааст. Саволе, ки аксари сокинон матраҳ мекунанд, ин аст: таъмини коммуналӣ дар биноҳои аз 10 ошёна боло чӣ гуна ба роҳ монда мешавад ва дар ин самт аз кадом мушкилот бояд пешгирӣ намуд?
Таъмини об: ислоҳот, таҷдид ва дастовардҳо
Дар солҳои охир дар пойтахт як қатор лоиҳаҳои бузурги таҷдид ва густариши шабакаҳои обтаъминкунӣ амалӣ мешаванд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони байналмилалӣ то имрӯз бештар аз 70 километр хати обгузар ва партовоб таъмир ва навсозӣ шудааст, ки интиқоли обро ба манзилҳои истиқоматӣ беҳтар менамояд.
Тавре Саидмурод Қаландаров, сармуҳандиси «Обу корез»-и пойтахт зикр мекунад:
«Дар биноҳои навсохт таъминот бо об нисбат ба биноҳои куҳна бамаротиб беҳтар аст. Насоси худкори ҳозиразамон бо ҳисобкунакҳои фишор имкон медиҳад, ки об ба ошёнаҳои баланд бемонеа интиқол ёбад. Аз ин рӯ, дар биноҳои 10 ошёна ва болотар мушкили ҷиддии норасоии об ба миён намеояд. Ба хатти партовоб низ аз ҳисоби дар як маҳалла бунёд гардидани хонаҳои зиёди истиқоматӣ сарборӣ намешавад».
Бо вуҷуди ин, дар баъзе минтақаҳои шаҳр, бахусус биноҳои куҳна, фишори об каме поён меравад. Ин мушкил ба афзоиши биноҳои нав иртибот надошта, бештар ба куҳнашавии хатҳои обгузар ва сохтори техникии биноҳои солҳои қаблӣ вобаста аст.
Мутобиқи нақша, то соли 2026 сохт-мони истгоҳҳои насосии фишорбаланд ва тоза намудани хатҳои куҳнаи об идома меёбад. Ин тадбирҳо барои устувории таъминоти об муҳим арзёбӣ мешаванд, зеро баландошёнаҳо ба муҳандисии махсус ниёз доранд.
ГАРМИДИҲӢ
Имкониятҳои шабакаҳои марказӣ ва системаи инфиродӣ
Дар айни ҳол қисми муайяни минтақаҳои Душанбе аз гармидиҳии марказӣ истифода мебаранд. Бо афзоиши биноҳои нав, пайвастшавӣ ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ марҳала ба марҳала сурат мегирад. Тибқи маълумоти расмӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони 2024–2025 шумораи биною иншооти бо гармӣ таъминшуда 3200 адад ва дар мавсими 2025–2026 – 3300 адад-ро ташкил дод. Яъне, танҳо дар як сол 100 бинои нав ба шабакаи гармидиҳии пойтахт ҳамроҳ гардид.
Дар баробари ин, аксари биноҳои нав бо системаҳои инфиродии гармидиҳӣ муҷаҳҳазанд, ки ба сокинон имкон медиҳад сатҳи ҳарорат ва хароҷоти неруро ба таври мустақил танзим намоянд.
Бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои об Барномаи махсуси гармидиҳии устувор ва сарфакоронаи энергия амалӣ мегардад, ки ҳадафаш баланд бардоштани самаранокӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ мебошад.
Низоми санитарӣ ва ҳифзи муҳити зист
Ба афзоиши биноҳои навбунёд зарурати таҷдиди шабакаҳои партовоб низ зиёд мешавад. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корез» як қатор лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мекунад, аз ҷумла, сохтмони хатҳои нави обу корез, таҷҳизондани нуқтаҳои тозакунӣ, беҳсозии низоми идоракунии партовҳои маишӣ ва амсоли инҳо. Дар доираи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026–2030» ҳадафи асосӣ – таъмини устувории инфрасохтори коммуналӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ мебошад. Лоиҳаҳо иваз кардани хатҳои куҳнаи таъминоти об, насби системаҳои автоматикӣ, назорати фишори обу гармидиҳӣ ва татбиқи технологияи «шаҳри сабз»-ро дар бар мегиранд.
Хуллас, таъмини биноҳои баландошёна бо об, гармидиҳӣ ва хизматрасониҳои санитарӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва инфрасохтории Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ислоҳоту таҷдидҳои пайдарпай, ҷалби сармоягузорӣ ва амалисозии барномаҳои давлатӣ имкон медиҳанд, ки пойтахт ба як шаҳри муосир, дорои муҳити зисти солим ва инфрасохтори устувор табдил ёбад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»
