СУҒД. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ОМӮЗГОРОН
Дар Мактаби миёнаи умумӣ бо таълими амиқ ба номи А.П. Чехови шаҳри Хуҷанд ба муносибати 165-солагии адиби маъруфи рус А.П. Чехов Форуми омӯзгорон ва шогирдон баргузор гардид.
Мавзуи асосии Форум "Забони русӣ дар фазои байнифарҳангии муосир" буд, ки аҳамияти рушду густариши забони русӣ ва нақши он дар таъмини муколамаи байнифарҳангии кишварҳо ва ҷамоатҳои гуногунро таъкид мекунад.
Дар ҷараёни Форум нишастҳои пленарӣ, семинарҳо, дарсҳои кушод, мусобиқаҳои интеллектуалӣ ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ баргузор шуданд. Дар бахши фарҳангӣ, озмунҳои "Расмҳои Чехов" ва "Чеховхонӣ" доир гашта, шогирдони мактабҳои №21 ва №33-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Баргузории Форум ба рушди забони русӣ ва таҳсилоти байналмилалӣ мусоидат мекунад ва дар тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмии минтақа нақши муҳим мебозад. Имкони мубодилаи таҷриба ва донишҳо, дар навбати худ, ба таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ ва рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мусоидат хоҳад кард.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
