Муҳимтарин омили таҳкими давлатдории миллӣ

19 декабр 2025, Ҷумъа
15

ҲУҚУҚИ ИНСОН

Муҳимтарин омили таҳкими давлатдории миллӣ

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он» ҷаласа баргузор гардид. Дар чорабинӣ, ки бо иштироки ҳуқуқшиносон, устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамот баргузор гардид, масоили вобаста ба таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва татбиқи он баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа Абдумумин Муродиён, сардори раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, генерал-майори Хадамоти гумрук, зикр кард, ки Тоҷикистон дар самти таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки ҳамасола ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад, ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Ӯ зикр намуд, ки аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ тадбирҳои муҳими илмӣ, амалӣ ва қонунгузорӣ роҳандозӣ гардида, натиҷаҳои онҳо аз ҷониби мутахассисони дохилию хориҷӣ баҳои баланд гирифтаанд. Шамсуддин Иброҳимзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, иброз дошт, ки ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеаи муосир яке аз омилҳои асосии таҳкими давлатдории миллӣ, суботи

сиёсӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон содиқ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, қабули Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 қадами муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта, нақшаҳои миллиро дар самти иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад ва механизмҳои амалӣ намудани уҳдадориҳои байналмилалии кишварро такмил медиҳад. Ба андешаи Абдумумин Муродиён,

арзишҳое чун озодӣ, адолат, баробарӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон то имрӯз аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, илҳомбахши рушди ҷомеаҳои муосир мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин принсипҳои умумибашарӣ содиқ буда, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани манзалати инсон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим роҳандозӣ кардааст. Дар ҷараёни нишаст, ҳамчунин, доир ба аҳамияти Рӯзи ҳуқуқи инсон, дастовардҳои кишвар дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтугӯҳои судманд сурат гирифтанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 19.12.2025 №: 239-240