РУСИЯ ТАФТИШИ ВОҚЕЪБИНОНАИ ҚАТЛИ НАВРАСИ ТОҶИКРО ЗАМОНАТ ДОД
РУСИЯ ТАФТИШИ ВОҚЕЪБИНОНАИ ҚАТЛИ НАВРАСИ ТОҶИКРО ЗАМОНАТ ДОД
Вазорати корҳои хориҷӣ қатли ҷонсӯзи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Қобилҷон, хонандаи синфи чоруми мактаби миёнаи Успенскии шаҳраки Горки 2-и минтақаи шаҳрии Одинсовскии вилояти Москваро, ки 16-уми декабри соли 2025 дар натиҷаи ҳамлаи хусумати миллидошта рух дод, қатъиян маҳкум кард.
Ин ниҳод дар изҳороте, ба аҳли оила ва пайвандони шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон изҳори таслият ва ҳамдардӣ намуда, дар робита ба ин ҳодиса сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Григоревро ба Вазорати корҳои хориҷӣ эҳзор намуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКХ ба сафир ёддошт бо талаби аз ҷониби Русия фавран, воқеъбинона ва беғаразона гузарондани тафтишоти ин ҳодисаи фоҷиабор ва ба ҷавобгарии қатъии қонунӣ кашидани ҳамаи ашхоси дар он дастдошта, супурда шудааст.
Ҳамчунин, дар иртибот ба ин фоҷиа Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дастур гирифтааст, ки бо пайвандони марҳум тамоси доимӣ барқарор намуда, ин масъаларо зери назорат қарор диҳад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Русия низ ба пайвандони навраси 10-солаи тоҷик, изҳори ҳамдардӣ карда, изҳор доштааст, ки “ҷониби Русия барои тафтишоти беғаразона ва холисонаи ин ҳодиса ҳама корро анҷом хоҳад дод”.
Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар робита ба ин амал ба Кумитаи тафтишотӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русия дархостҳои расмӣ фиристода, хостори ошкор намудани тамоми тафсилоти мавҷуда шудааст. Сухангӯйи ин ниҳод Мария Захарова дар бастагӣ ба ин ҳодисаи мудҳиш изҳор намуд, ки Русия бо Тоҷикистон дар шарикии стратегӣ аз рӯйи принсипи дастгирии мутақобила амал хоҳад кард.
Куштори бераҳмонаи ноболиғи 10-солаи тоҷик, ки ангезаи он «нафрати миллӣ» арзёбӣ мешавад, дар расонаҳои дохилу хориҷ вокунишҳои зиёде дар пай дошт, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоии Русия низ онро қотеона маҳкум карданд.
Ҷасади Қобилҷон Алиев ба Ватан интиқол ёфта, дар зодгоҳаш – ноҳияи Шаҳринав ба хок супурда шуд.
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 19.12.2025 №: 239-240