ХАФ ДАР МАРЗИ РОССИЯВУ БЕЛАРУС ТАҚРИБАН НИМ ТОННА КОКАИН МУСОДИРА КАРДААСТ
Мир 24. Хадамоти федеролии амнияти (ХАФ) Россия аз кӯшиши воридоти қариб 500 кило кокаини Амрикои Лотинӣ ба кишвар, дар масири Лаҳистон, пешгирӣ кард. Дар ин бора аз Маркази равобити ҷамъиятии ХАФ хабар доданд.
Ба иттилои ин ниҳод, махфигоҳ, ки дар он 116 баста маводи мухаддир мавҷуд буд, ҳангоми тафтиши як мошини вазнинбор бо рақами давлатии Ҷумҳурии Туркия ошкор шудааст. Илова бар ин, маълум гардид, ки як мошини дигар бо ҳамин бор ба ҳамин масир ҳаракат мекунад. Мошини дуюм боздошт шуд ва кормандони ХАФ аз махфигоҳи он 373 баста маводи мухаддир пайдо карданд.
Вазни умумии кокаини мусодирашуда 492 килограммро ташкил медиҳад. Зикр мегардад, ки як шаҳрванди хориҷӣ, ки қочоқи маводи мухаддирро ташкил мекард, дастгир шудааст.
САЛЛИВАН ВА ВАН И МАСЪАЛАИ ПЕШГИРИИ БАД ШУДАНИ МУНОСИБАТҲОИ ИМА ВА ЧИНРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ТАСС. Дар мулоқоти мушовири амнияти миллии Президенти ИМА Ҷейк Салливан ва раиси дафтари комиссия оид ба корҳои хориҷии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, узви Бюрои сиёсӣ Ван И дар Вена масъалаи нигоҳ доштани муносибатҳои ИМА ва Чин аз бад шудани минбаъдаи он баррасӣ шуд.
Дар ин бора Лю Пэнъюй, сухангӯи Сафорати Чин дар Вашингтон хабар додааст. Вай дар Твиттер навиштааст: "Ван И ва Ҷейк Салливан рӯзҳои 10-11 май дар бораи равобити дуҷониба гуфтугӯи ошкоро, амиқ, пурмазмун ва созанда анҷом доданд. Ҷонибҳо рафъи монеаҳо дар равобити Амрикову Чин ва ба эътидол овардани робитаҳо барои ҷилавгирӣ аз бад шудани ин муносибатҳоро баррасӣ карданд".
СММ: «ТАМДИД НАКАРДАНИ СОЗИШНОМАИ ҒАЛЛА БА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ ТАЪСИРИ МАНФӢ МЕРАСОНАД»
Известия. Намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик изҳор дошт, ки тамдид накардани созишномаи ғалла ба амнияти озуқавории ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳамзамон, вай афзуд, ки Созмон дар ояндаи наздик барои ноил шудан ба пешрафт дар содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Федератсияи Россия ба кишварҳои ниёзманд муколама бо Россияро идома хоҳад дод.
«Мушкилот ҳастанд, мо кӯшиш мекунем, ки онҳоро бартараф созем ва ба идомаи амалисозии созишномаи ғалла ноил шавем ", – гуфт намояндаи Дабири кулли СММ.
Мулоқоти сатҳи баланд оид ба Созишномаи ғалла дар Истанбул дар қолаби чаҳорҷониба бо иштироки муовинони вазирони мудофиаи Россия, Туркия ва Украина бо намояндагони СММ рӯзҳои 10-11 май баргузор шуд. Натиҷаҳои мушаххаси он ҳанӯз маълум нестанд.