Боздид аз Осорхонаи давлатии Эрмитаж

23 декабр 2025, Сешанбе
16

Боздид аз Осорхонаи давлатии Эрмитаж

22-юми декабр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербург якҷо бо дигар сарварони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла Осорхонаи давлатии Эрмитаж, боздид намуданд.

Дар Осорхонаи Эрмитаж Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд. Ба роҳбарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба таърихи Осорхона ва санъати меъмории он маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи фарҳангӣ соли 1764 таъсис ёфта, аз ҳафт бинои таърихӣ, аз ҷумла Қасри зимистона, иборат аст.

www.president.tj