“ҶУМҲУРИЯТ” рӯзномаи маҳбуб дар вилояти Суғд
“ҶУМҲУРИЯТ” рӯзномаи маҳбуб дар вилояти Суғд
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода гурӯҳи эҷодии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот аз ҳамкории дуҷонибаи судманд бо ҳайати эҷодии нашрия изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки рӯйдоду навигариҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишии вилояти Суғд сари вақт ва ҳаматарафа дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» инъикос меёбанд.
Раиси вилоят ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар самти инъикоси ибтикороти созандаи сокинони шаҳру ноҳияҳо андешаҳои худро баён намуд.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз ҳамкориҳои самарабахши Нашрия бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ карда, аз баргузории чандин озмунҳои муштараки ҷумҳуриявӣ ба хотири арҷгузорӣ ба фарзандони барӯманди миллат, аз ҷумла Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд яке аз рӯзномаҳои маҳбуб ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки ҳамкории судманд миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» минбаъд низ, бахусус дар соли Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идома хоҳад ёфт.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.12.2025 №: 243-244