ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲИ БА НОМИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

23 декабр 2025, Сешанбе
25

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲИ БА НОМИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

21-уми декабр дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков маросими супурдани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Дар фазои тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони давлатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супурда шуд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони давлатҳои ҳамсояи мо бо ин ҷоизаи фахрӣ дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 31-уми марти соли равон дар нишасти сарварони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд. Ин рӯйдодҳои таърихӣ ба таъмини амну субот, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд.

Санаи нашр: 23.12.2025 №: 243-244