ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Мир24. Номзад ба мақоми президентии Туркия, раиси ҳизби Memleket Муҳаррем Инҷ се рӯз пеш аз интихобот дар бораи даст кашидан аз номзадиаш эълом дошт.
Акнун се сиёсатмадор барои мансаби Роҳбари давлат рақобат хоҳанд кард: Президенти феълӣ Тайип Эрдоган аз «Иттиҳоди ҷумҳурихоҳон», Камол Қиличдароғлу аз мухолифони «Иттиҳоди мардумӣ» ва номзади эътилофи Ata Синан Оган.
ТАСС. Котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон Айхон Ҳоҷизода ба хабарнигорон изҳор дошт, ки ҷониби Озарбойҷон ба мулоқоти Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон ва Никол Пашинян, Сарвазири Арманистон, ки қарор аст моҳи май дар Брюссел баргузор шавад, розӣ шуд. Аммо то ҳол оид ба ширкат дар мулоқоти Кишинёв тавофуқи ниҳоӣ ҳосил нашудааст.
Известия. Фаронса пасттарин мизони таваллудро дар 29 соли охир сабт кардааст. Дар ин бора маълумоти Институти миллии омор ва тадқиқоти иқтисодии Фаронса (Insee), ки рӯзи 11 май рӯзномаи «Le Figaro» чоп кардааст, шаҳодат медиҳад.
Известия. Вазорати корҳои хориҷии Россия аз қатъи ҳамкориҳои ҳукуматҳои Федератсияи Россия ва Лаҳистон дар соҳаи илм ва технология эълон кард. Ҳуҷҷати дахлдор дар интернет-портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Санаи нашр: 12.05.2023 №: 99