Ифтитоҳи Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ

24 декабр 2025, Чоршанбе
12

Ифтитоҳи Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода КВД «Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили кадрҳои соҳаи кишоварзӣ» ифтитоҳ гардид.

Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», Сарвазир иброз намуд, ки ифтитоҳи Марказ оғози марҳалаи нави технологӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. «Бе рушди технологияи агросаноатӣ таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ғайриимкон мебошад», – афзуд Қоҳир Расулзода.