Муаррифии Стратегияи нави шарикии Бонки осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030
Муаррифии Стратегияи нави шарикии Бонки осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030
Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Стратегияи нави шарикии Бонки осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030 бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор муҳокима гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни ҷаласа ҳадаф ва самтҳои асосии Стратегия муаррифӣ гардида, афзалияти ҳамкории минбаъда барои рушди устувори иқтисоди миллӣ, тақвияти зерсохтор, рушди захираҳои инсонӣ, «иқтисоди сабз» ва рақамисозӣ шарҳ дода шуд.
