Баррасии муносибатҳои гуногунҷанба ва судманди Тоҷикистон ва Австрия

24 декабр 2025, Чоршанбе
11

Баррасии муносибатҳои гуногунҷанба ва судманди Тоҷикистон ва Австрия

Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Австрия Манучеҳр Ҷобир бо директори департаменти сиёсии Вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Томас Мюлмен мулоқот намуд.

АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанба ва мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия, инчунин, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.