«Карими Шиш» Асари тозаэҷоди нависанда Зариф Ғулом рӯнамоӣ шуд
«Карими Шиш»
Асари тозаэҷоди нависанда Зариф Ғулом рӯнамоӣ шуд
Бо ташаббуси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби нависанда Зариф Ғулом таҳти унвони «Карими Шиш» баргузор гардид. Дар ин ҷаласа намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адибони саршиноси кишвар, кормандони Китобхонаи миллӣ ва васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Нишастро директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз намуда, дар бораи осору эҷоди устод Зариф Ғулом ибрози назар кард. Таъкид шуд, ки нависанда бо андешаҳои нозук, қалами пуртаъсир ва диққати хосса ба сарнавишти мардумони заҳматқарин ё худ инсонҳои комилу наҷиб эҷод мекунад.
«Карими Шиш» асари ҳаҷман хурд бошад ҳам, мазмунан васеъ аст. Он воқеаву ҳодисаҳои се даҳсолаи аввали асри ХХ-ро дар бар мегирад. Ҷуғрофияи асар низ фарох буда, ҳодисаю воқеаҳои дар вилоятҳои Тоҷикистону Афғонистон рухдода тасвир шудаанд. Миёни қаҳрамонҳои асар шахсони таърихӣ, аз қабили шоир ва мутафаккир Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, шоири халқӣ Сайдалӣ Вализода, ҳунарманди мумтоз Акашариф Ҷӯраев ва беки бераҳму золими Балҷувон Раҳимбий ҳам ҳастанд», – тавзеҳ дод муаллифи асар.
Сипас, нависанда ва публитсистон Умари Шерхону Шодӣ Раҷабзод, муҳаққиқони соҳаи фарҳангу ҳунар Ҷонибеки Асрориёну Муҳаммадуллоҳ Табарӣ ва дигар меҳмонон вобаста ба асари тозаэҷоди Зариф Ғулом андешаҳои хешро баён намуда, доир ба ҷустуҷӯҳои эҷодии адиб, ҷонбозиҳои қаҳрамони асари мазкур ибрози андеша намуданд. Ҷонибеки Асрориён аз эҷоди оҳанги «Хайрбод»-и Карими Шиш, тасвири ҷолиби манзараҳои ҷануби Тоҷикистон ва истифодаи вожаҳои хоси ҳамон мавзеъ сухан ронд.
Таъкид шуд, ки вазифаи ҳар эҷодкор пайдо намудани қаҳрамон, мавзуи эҷодии худ ва шиносондани шахсиятҳои фарҳангии миллат мебошад. Маҳз ҳамин корро Зариф Ғулом анҷом додааст. Ӯ дар романи «Карими Шиш» на танҳо зиндагии як сарояндаи гумномро бозофарӣ мекунад, балки арзишҳои фарҳанги мардумӣ, оҳу сӯзи сурудҳои даштӣ, нидои дардолуди қалби мардум ва руҳи ҷовидонаи фалакро ба хонанда эҳдо менамояд.
Ёдовар мешавем, ки китоби нави узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нависандаи маҳбуб Зариф Ғулом бо номи «Карими Шиш» дар нашриёти давлатии «Адиб» рӯйи чоп омадааст.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.12.2025 №: 245-246