ХАТЛОН Татбиқи тадбирҳо ба хотири дилгармии мардум дар фасли сармо
ХАТЛОН
Татбиқи тадбирҳо ба хотири дилгармии мардум дар фасли сармо
- Бо вуҷуди он ки зимистони имсола пурбориш пешбинӣ намешавад, вилояти Хатлон омодагӣ ба фасли сарморо дар асоси барномаҳои мушаххас ва зери назорати ҷиддӣ ба роҳ мондааст. Озуқа ва маводи сӯзишворӣ сари вақт захира гардида, фаъолияти соҳаҳои ҳаётан муҳим таҳти назорати доимӣ қарор доранд, – гуфт Тоҷиддин Исматзода, муовини сардори раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Номбурда афзуд, ки яке аз самтҳои калидӣ таъмини бозор бо маҳсулоти ниёзи аввал мебошад. Айни замон дар вилоят маводи ғизоӣ дар 61 анбор ва 72 сардхона нигоҳдорӣ шуда, воридоти орд, равған, картошка, пиёз, биринҷ ва шакар ба бозорҳо дар ҳаҷми аз 104 то 110 фоиз иҷро гардидааст. Ин вазъият барои таъмини устувории бозор ва коҳиш додани хавфи болоравии нархҳо дар фасли сармо заминаи боэътимод фароҳам меорад. Дар баробари таъмини бозор бо маводи ғизоӣ, дар бахши таъминот бо сӯзишворӣ низ пешрафтҳо назаррасанд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 450 нуқтаи фурӯши ангишт фаъолият дошта, ҳаҷми воридоти он ба зиёда аз 27 ҳазор тонна расидааст, ки 102 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Муассисаҳои маориф ва тандурустӣ низ ба фасли зимистон ҳамаҷониба омодагӣ дидаанд. Таъмини онҳо бо ангишт ва ҳезум аз нишондиҳандаҳои пешбинишуда бештар сурат гирифта, ҳазорҳо воситаи гармидиҳӣ, аз ҷумла печкаҳо, гармкунакҳо ва дегхонаҳо, пурра барои истифода омодаанд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки раванди таълим ва хидматрасонии тиббӣ дар рӯзҳои сарди сол бидуни мушкил идома ёбад.
Устувории шабакаҳои энергетикӣ бошад, чун ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Таъмир ва ивази ноқилҳои барқӣ қариб пурра ба анҷом расида, сатҳи иҷрои корҳои техникӣ аз 40 то 100 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо барои фаъолияти муътадили шабакаҳои барқӣ дар фасли зимистон заминаи боэътимод фароҳам оварда, хатари қатъи неруи барқро дар давраи сармо ба таври муассир коҳиш медиҳанд.
Соҳаи кишоварзӣ низ барои зимистонгузаронӣ омода мебошад. Захираи умумии хӯроки чорво аз 1,5 миллион тонна гузашта, фермаҳо ва чарогоҳҳо шароити заруриро барои нигоҳдории чорво дар фасли сармо муҳайё кардаанд. Ҳамзамон, таъмири фермаҳои чорвои калон 86 фоиз чорвои майда 96 ва мурғхонаҳо 100 фоиз анҷом ёфтааст. Ин тадбирҳо устувории соҳаи чорводорӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоиро бо заминаи боэътимод таъмин мекунанд.
Инфрасохтори роҳҳо низ ба шароити фасли зимистон пурра омода аст. Зиёда аз 14 ҳазор метри мукааб маводи зидди лағжиш захира шуда, беш аз 90 фоизи техникаи роҳдорӣ дар ҳолати омодабош қарор дорад. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки ҳаракати бехатари нақлиёт дар роҳҳо ҳатто дар рӯзҳои сарди зимистон таъмин гардад.
Дар маҷмуъ, чораҳои андешидашуда нишон медиҳанд, ки омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар вилояти Хатлон ҳамаҷониба, саривақтӣ ва бо дарназардошти ниёзҳои воқеии аҳолӣ ба роҳ монда шудааст. Захираҳои кофӣ, омодагии бахшҳои асосӣ ва ҳамоҳангии мунтазами сохторҳои масъул замина фароҳам меоранд, ки аҳолӣ фасли сарморо дар шароити устувор паси сар намуда, фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ба таври муътадил идома ёбад.
Руҳафзо МУРОДОВА,
"Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 24.12.2025 №: 245-246