Кафтори рахдор ба замимаи II CITES дохил карда шуд
Кафтори рахдор ба замимаи II CITES дохил карда шуд
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Конфронси бистуми ҷонибҳои Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоӣ (CITES), ки аз 24-уми ноябр то 5-уми декабр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, бо пешниҳоди Тоҷикистон кафтори (гиена) рахдор ба заминаи II CITES ворид карда шуд.
р Конфронси ҷонибҳо баррасӣ гашта, ба ҳифзи ин намуди ҳайвони нодир равона шудааст. Ҳамаи давлатҳои аъзо пешниҳоди дар замимаи II номбар кардани кафтори рахдорро дастгирӣ намуданд. Қарори CОP 20 низ, дар навбати худ, назоратро аз болои савдои байналмилалии ҳайвонот пурзӯр карда, барои ҳифзи олами ҳайвонот имкониятҳо фароҳам меорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи CОP 20 чорабинии иловагӣ дар мавзуи «Кафтори рахдор дар хатар» доир намуда, дар он зиёда аз 150 коршинос ва намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ ширкат варзиданд. Ҳамчунин, ба масъалаи таҳдидҳо ба кафтори рахдор таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, нақши муҳими санитарию экологии он таъкид шуд. Кафтори рахдор ягона намуди кафторест, ки берун аз Африқо сукунат дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин намуди ҳайвони нодир ба «Китоби сурх» дохил шудааст ва он баъзан дар минтақаҳои ҷанубӣ ва ҷанубу шарқӣ ба назар мерасад. Кафтори рахдор ҳамчун парастор дар нигоҳ доштани экосистемаҳои солим, коҳиш додани хатари паҳншавии бемориҳо ва дастгирии некуаҳволии одамоне, ки дар наздикии ҳайвоноти ваҳшӣ зиндагӣ мекунанд, нақши калидӣ мебозад.
Ба шарофати иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конвенсия ва кӯшишҳои муштараки он бо созмонҳои байналмилалӣ ва миллӣ, ҳифзи кафтори рахдор, ки яке аз намудҳои нодир, вале аз ҷиҳати экологӣ муҳим аст, таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб кард.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.12.2025 №: 245-246