Худшиносии миллӣ Аз муҳимтарин омилҳои камолоти тафаккури маданӣ

24 декабр 2025, Чоршанбе
9

Худшиносии миллӣ

Аз муҳимтарин омилҳои камолоти тафаккури маданӣ

Дар назди мардуми тоҷик масъалаҳои муҳими маданӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ истодаанд, ки ҳалли онҳо бар дӯши шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ҳавола гардидааст. Яке аз онҳо масъалаҳои худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ мебошад, ки оид ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданашон дар ҳар як баромади худ махсус таъкид кардаанд.

Руҳу равони фарзанди фарзонаи халқ Бобоҷон Fафуров шод бод, ки шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон», воқеан, шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо хизмати арзанда намуд. Ин марди бузург аз осорхонаи беинтиҳои таърих осори тамаддун ва мероси фарҳангии миллати тоҷикро зарра-зарра ҷамъ оварда, ба риштаи таҳрир кашид, танзиму даврабандӣ кард ва ба оламиён исбот намуд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ин марзу бум буданд ва ҳастанд. Асари «Тоҷикон», воқеан, шуълае буд, ки ба саҳифаҳои таърихи фаромӯшгаштаи миллати тоҷик равшанӣ бахшид.

Дар яке аз баромадҳояшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «То он даме, ки худшиносии таърихии миллат, ифтихор аз мансубияти миллӣ дар шуури ҳар як фард, аз коргару дехқони одӣ сар карда, то раиси ҷумҳур пайдо нагардад, то он даме, ки манфиати миллӣ ба ҳар як шаҳрванд арзиши олӣ нагардад, то он даме, ки обрӯю эътибори хар як шаҳрванд аз хизмат ба Ватан, миллат муайян нагардад, давлати соҳибихтиёрро бо тамоми ҷузъиёташ ташкил кардан аз имкон берун мемонад».

Дар чунин давраи ҳассос ҳама кору бори давлат ва аҳли илму фарҳангу маданият бояд дар доираи ин матлаб сурат гирад, зеро ҳалли дигар масъалаҳо ба он сахт марбут аст. Роҳи худшиносии миллӣ дар назари тоҷикон арзиши муайян пайдо намудани миллати тоҷик аст. Ин маънои онро надорад, ки нисбат ба дигар халқу миллатҳое, ки ҳамроҳи мо бародарона зиндагӣ мекунанд, беэътиноӣ намуд, ҳаргиз, чунки чунин гузориши масъала ба миллатчигӣ мебарад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надорад, ки худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст” .

Яке аз роҳҳои зуд ба худшиносӣ ва асолати миллӣ расидани мардуми тоҷик, пеш аз ҳама, омӯхтани осори гузаштагон мебошад. Дар осори онҳо қимати ҳар як санги Ватанро дарк кардан мумкин аст. Таърихи миллат, урфу одат, одобу рафтор, умуман, тамоми хусусиятҳои миллии кишвари худро донистан нишонаи худшинос будан аст.

Худшиносии миллӣ маҷмуи ҷаҳонбинӣ, худогоҳӣ, арзишҳо, баҳогузорӣ ва муносибатҳое мебошад, ки аҳамияти бузурги таърихӣ доштани миллатро инъикос карда, мақоми миллатро дар байни дигар қавму миллатҳо нишон медиҳад.

Худшиносии шахсони алоҳида ин ҷавоб ёфтан ба чунин суолҳост: Ман кистам, асли ман чист, падару модарам кист? Аз куҷо омадам, ба куҷо хоҳам рафт? Рисолатам чист? Роҳи ман кадом аст? Вақте инсон ба ин гуна пурсишҳо посухи аниқу комил меёбад, шуруъ ба бунёди зиндагии солим менамояд ва дар истеҳкоми бинои миллати хеш саҳм мегирад. Худшиносӣ, аслан, оғози ҳама гуна шинохтҳо мебошад. Худошиносӣ, аслшиносӣ, ҷаҳоншиносӣ, худшиносии миллӣ ва даҳҳо шинохтҳои дигар аз худшиносӣ сарчашма гирифтаанд. Бидуни омӯзиши илм ҳеҷ қавму миллате ба худшиносии миллӣ намерасад.

С. ҲОМИДОВА,

сармутахассиси бахши идоракунии назорати сифати таҳсилоти Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит

Санаи нашр: 24.12.2025 №: 245-246