“ҚАЙРОҚҚУМ” Таҷдиди Неругоҳи барқи обӣ ба хотири фардои дурахшон

24 декабр 2025, Чоршанбе
18

“ҚАЙРОҚҚУМ”

Таҷдиди Неругоҳи барқи обӣ ба хотири фардои дурахшон

Ҷомеаи меҳнатии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” иди касбии худро бо руҳи болида, бо таҷдиди комили Неругоҳ истиқбол мегиранд. Моҳи ноябр бо ширкати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” баъди азнавсозӣ ба истифода дода шуд.

Неругоҳ дар идомаи шаш сол бо ҷалби 202 миллион доллари ИМА, бо ширкати мутахассисони ширкатҳои бузурги кишварҳои Швейтсария, Фаронса ва Испания пурра азнавсозӣ шуда, иқтидори тавлидотии барқ 60 МВт афзоиш ёфт.

Неругоҳи мазкур соли 1956 бо шаш агрегат ва иқтидори лоиҳавии 21 МВт ба истифода дода шудааст. Табиист, ки бо мурури даҳсолаҳои фаъолият дастгоҳу таҷҳизот ба таъмири асосӣ ниёз дошта, иқтидораш ҳам то 12 МВт коҳиш ёфта буд. Аз соли 2019 бо дастгирӣ ва иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои азнавсозӣ дар ин ҷо оғоз ёфта, ҳамаи шаш агрегат пурра таҷдид шуд. Ба андешаи Файзулло Авезов, роҳбари НБО “Қайроққум”, яке аз бартариҳои азнавсозӣ дар он ифода меёбад, ки бисёр ҷузъиётҳои наву замони муосир васлу насб гардиданд.

Феълан, дар Неругоҳи мазкур наздик ба 100 нафар коргарону муҳандисон бо фаъолияти доимӣ ва музди хуби меҳнат таъмин буда, то 30 дарсади аҳолии вилояти Суғдро бо неруи барқ таъмин мекунанд.

Ҷовиди АШТӢ, ”Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.12.2025 №: 245-246