Конибодом Афзоиши саҳми занону бонувон дар татбиқи ҳадафҳои созанда
Конибодом
Афзоиши саҳми занону бонувон дар татбиқи ҳадафҳои созанда
Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом таҳти унвони «Саҳми занону духтарон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» суҳбати гирди миз баргузор шуд.
Дар чорабинӣ раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова, муовини раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода, собиқадорон, вакилон ва бонувони фаъоли ҷомеа ширкат доштанд.
Зикр шуд, ки ҳадафи баргузории суҳбати гирди миз таҳкими нақши занон дар рушди ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва муаррифии саҳми бонувони фаъол дар татбиқи барномаҳои созандаи ҳизб мебошад.
Фирӯза Шерматова зимни суҳбат гуфт: «Ҳукумати кишвар ба занону духтарон эҳтироми хосса зоҳир менамояд. Мо ин сиёсатро дар оянда низ идома дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши арзишҳои миллӣ дастгирӣ мекунем».
Муовини раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода иброз дошт, ки дастовардҳои бонувони фаъол маҳз бо такя ба дастгирии давлат ва барномаҳои созандаи ҲХДТ ба даст омадаанд. Ба таъкиди ӯ, Ҳизб ҳамчун неруи мардумӣ дар тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон, рушди иқтидори онҳо ва ҷалби бонувон ба қабули қарорҳои муҳим саҳми назаррас дорад.
Дар идома як қатор бонувони фаъол низ андешаҳои худро баён намуда, нақши Ҳизбро дар пешбурди сиёсати гендерӣ, баланд бардоштани мақому мавқеи занон ва фароҳамсозии шароити мусоид барои иштироки онҳо дар корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.12.2025 №: 245-246