ФУТБОЛ Конгресс ва ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ доир шуд
ФУТБОЛ
Конгресс ва ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ доир шуд
20-уми декабр дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и шаҳри Душанбе Конгресси навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор шуд.
Дар Конгресс, ки намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё ва ФИФА иштирок доштанд, ҳисобот дар бораи фаъолияти ФФТ дар соли 2025, фаъолияти молиявии ФФТ дар соли 2024 шунида шуда, буҷети Федератсия барои соли 2026 тасдиқ гардид.
Дар Конргесси ФФТ соли 2026 – Соли инфрасохтори футбол эълон шуд.
Пас аз Конгресс ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ доир гашта, фаъолияти соли 2025 ҷамъбаст ва самтҳои асосии мавсими нав муайян карда шуданд. Мавсими нави Лигаи олии Тоҷикистон бо ширкати 12 даста 6-уми март оғоз мешавад. Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2026 байни чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода тасдиқ шуд. Бозӣ 23-юми май сурат хоҳад гирифт.
Ҳамчунин, кумитаи иҷроияи ФФТ баргузории бозиҳои даври 1/8-ниҳоӣ, чорякниҳоӣ ва нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026-ро дар шакли дубозигӣ тасдиқ кард ва финали мусобиқа дар варзишгоҳи «Вахш-Арена»-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад.
Аъзои кумитаи иҷроия, инчунин, тавсия доданд, ки Лигаи футболи Тоҷикистон фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистонро зиёд карда, ҷоизапулиро барои Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ таъсис диҳад.
Мувофиқи қарори кумитаи иҷроияи ФФТ аз соли 2027 бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон бояд дастаҳои занона дошта бошанд ва ин талабот аз соли 2026 ҳамчун лоиҳаи озмоишӣ санҷида шавад.
Дар ҷаласа супориш дода шуд, ки дар мактабҳои махсуси футболи кишвар гурӯҳҳои футзал ташкил карда шаванд. Дар ин масъала директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков ва сармураббии дастаи миллии футзал Пайрав Воҳидов гузориш доданд.
Кумитаи иҷроия, инчунин, рӯйхати беҳтарин бозигарон ва мураббиёни мавсими 2025-ро тасдиқ кард.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.12.2025 №: 245-246