“Истиқлол” бар “Гоа” пирӯз шуд, вале ба даври баъдӣ роҳ наёфт

25 декабр 2025, Панҷшанбе
21

ФУТБОЛ

“Истиқлол” бар “Гоа” пирӯз шуд, вале ба даври баъдӣ роҳ наёфт

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар даври ниҳоии марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё дар сафар бар тими «Гоа» бо натиҷаи 2:1 ғолиб омад.

Бозигари тими мизбон Деян Дразич дар дақиқаи 8-ум ҳисобро кушод. “Истиқлол” дар нимаи дуюми вохӯрӣ бозиро ба даст гирифта, Пол Камолафе дар дақиқаи 53 ва Амирбек Ҷӯрабоев дар дақиқаи 56 аз пеналти ду гол заданд.

Ҳамин тариқ, бо касби 9 хол «Истиқлол» дар ҷадвали мусобиқа мақоми 3-юмро гирифт ва танҳо аз ҳисоби таносуби тубҳо натавонист ба даври плей-офф роҳхат ба даст орад.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳ «Ал-Наср» бо натиҷаи 5:1 «Ал-Завра»-ро шикаст дод.

Аз гурӯҳи «D» дастаҳои «Ал-Наср» (18 хол) ва «Ал-Завра» (9 хол) ба ҳаштякфинал роҳхат гирифтанд.

Аз гурӯҳҳои дигар “Ал-Васл” (АМА), “Истиқлол” (Эрон), “Ал-Аҳли” (Қатар), “Аркадаг” (Туркманистон), “Ал-Ҳусейн” (Урдун), “Сипоҳон” (Эрон), “Макартур” (Австралия), “CAHN” (Ветнам), “Гамба” (Ҷопон), “Ратчабури” (Тайланд), “Персиб” (Индонезия), “Бангкок Юнайтед” (Тайланд), “Тампинс Роверс” (Сингапур), “Пхохан Стилерс” (Ҷумҳурии Корея) муборизаро барои ба даст овардани роҳхати Лигаи элитаи чемпионҳои Осиё идома медиҳанд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.12.2025 №: 247