Чемпионҳои нави гӯштии Тоҷикистон

25 декабр 2025, Панҷшанбе
20

ГӮШТӢ

Чемпионҳои нави гӯштии Тоҷикистон

 

Дар маҷмааи варзишии ДМТ Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ баргузор шуда, ғолибон дар ҳамаи 20 вазн – даҳвазнӣ дар ҳар ду равия муайян гардиданд.

Дар мусобиқа паҳла-вонон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат карданд. Гуфта шуд, ҳадафи асосии баргузории мусобиқа рушди минбаъдаи ин риштаи олимпии варзиш, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии варзишгарон, дарёфти истеъдодҳои нав ва интихоби беҳтаринҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар мебошад.

Ҳамин тариқ, дар гӯштии тарзи озод Айаал Белолюбский (57 кг), Қаюм Ҳалимов (61 кг), Абдулмаҷид Кудиев (65 кг), Мустафо Аҳмадов (70 кг), Муҳаммадамин Абдуллоев (74 кг), Сомон Икромов (79 кг), Салим Ҳалимзода (86 кг), Исмоил Картоев (92 кг), Раҳмон Маҳмадбеков (97 кг), Фарҳод Анақулов (125 кг); дар гӯштии юнонӣ-римӣ Расулҷон Облобердиев (55 кг), Муҳаммадраҷаб Сафаров (60 кг), Асламҷон Азизов (63 кг), Суннатулло Абдуллоев (67 кг), Шоҳҷаҳон Бобоев (72 кг), Алишер Рӯзиев (77 кг), Ҳакимҷон Зуҳуров (82 кг), Муҳаммад Султонзода (87 кг), Қаҳрамон Тӯйчиев (97 кг), Шаҳбоз Давлатов (130 кг) ба гирифтани унвони чемпиони Тоҷикистон даст ёфтанд.

Тибқи низомнома, онҳо соли оянда Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ намояндагӣ хоҳанд кард.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.12.2025 №: 247