БМТ. ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД
11 майи соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мэтю Гартнерро, ки дар доираи баррасии фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrument-PCI) бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Мэтю Гартнерро дар ин сафар сариқтисодчиёни ХБА Фарид Талишли, Калин Тинтчев, Дмитрий Плотников, Сергей Додзин ва иқтисодчиёни фонди мазкур Кади Синтия Кейта, Наиля Менлашева ва Ҷомӣ Чиниев ҳамроҳӣ карданд.
Ҳоким Холиқзода ба ҳайати ХБА оид ба вазъи феълии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми бонкӣ иттилоъ дода, зикр намуд, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар се моҳи аввали соли 2023 хуб ҷамъбаст гардиданд. Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэтю Гартнер иброз дошт, ки барои ноил шудан ба мақсади гузошташуда, омодааст бо масъулони Бонки миллии Тоҷикистон музокиротро идома диҳад.
Ҷонибҳо дар ҷараёни суҳбат дурнамои иқтисодӣ ва тадбирҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон, захираҳои байналмилалӣ ва таъсири он ба амалиёти сиёсати пулию қарзӣ ва тавозуни пардохт, тағйирот дар бозори асъор, таваррум, интиқоли маблағҳо ва иҷрои тавсияҳои ҳайати ХБА роҷеъ ба танзими асъор ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти бозорҳои асъорро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр шуд, ки PCI фишанги ғайримолиявӣ буда, имкониятҳои он барои ҳамаи аъзои ХБА дастрас мебошанд ва дар доираи он ба кишварҳои аъзо кумаки машваратӣ пешниҳод мегардад. Илова бар ин, ширкат дар фишанги зикршуда имкон медиҳад, ки ҳамчун замина барои баргузор намудани гуфтушунид бо ХБА истифода бурда шавад.
Барномаи мазкур ҷиҳати беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ муҳим ба шумор рафта, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барнома ба баланд бардоштани ҷолибнокии иқтисоди кишвар барои сармоягузорон мусоидат хоҳад кард.
Вохӯрии ҳайати нави ХБА оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт ва ҷонибҳо барои идомаи ҳамкориҳои судманд омодагии хешро баён намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”