Раванди татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ дар соҳаи нақлиёт
Тоҷикистон ва Чин
Раванди татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ дар соҳаи нақлиёт
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ байни Тоҷикистону Чин дар меҳвари мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо мушовири масоили тиҷоративу иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Сун Хэ қарор гирифт.
Сун Хэ иттилоъ дод, ки лоиҳаҳои сохтмони роҳи мошингарди Мурғоб – Кулма, бунёди роҳҳои дуқабата – эстакада дар буриши кӯчаҳои Абай – Қаҳҳоров, буриши кӯчаҳои Ҷомӣ – Қаҳҳоров, буриши кӯчаҳои Ҷанубӣ – Қаҳҳоров ва сохтмони пул дар болои дарёи Душанбе дар буриши кӯчаҳои Ҷанубӣ – Қаҳҳоров аз марҳалаи мувофиқаи дохилисоҳавӣ дар Чин гузаштанд.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ
