Ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисод ва тиҷорат
Ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисод ва тиҷорат
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, ҳамзамон, сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурӣ дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Умон Шайх Холид бин Ҳошил ал-Мусалҳӣ мулоқот дошт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва алоқаи ҳавоӣ баррасӣ шуданд.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ
