ДБССТ Муассисаи таълимие, ки рӯ ба рушд дорад

29 декабр 2025, Душанбе
24

ДБССТ

Муассисаи таълимие, ки рӯ ба рушд дорад

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар байни муассисаҳои олии мамлакат мавқеи устувор дорад ва аввалин муассисаест, ки мутахассисони соҳаи сайёҳиро омода месозад. Ҳарчанд имрӯз донишгоҳу донишкадаҳои зиёде ба тайёр намудани мутахассисони ин соҳа машғуланд, ДБССТ бо заминаи мустаҳками инфрасохтори таълимӣ ва ҳайати олимону омӯзгорон, барномаҳои мушаххас ва ҳамкориҳои густурдаи байналмилалӣ ҳамоно мавқеи пешсафии худро нигоҳ медорад.

Донишгоҳ пайваста дар роҳи пешрафту тараққиёт аст. Айни замон дар сохтори он се донишкадаи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Левакант, Ҳуҷанд ва ноҳияи Данғара, ду коллеҷ ва чор литсейи касбӣ, литсейи таҳсилоти миёнаи умумӣ, институтҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимӣ мавҷуд буда, ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ фаъолияти пурсамари таълимиву илмиро дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ пеш мебаранд.

Бо мақсади таъмини рушди муассисаи таълимӣ, табдил ёфтани он ба маркази илмию таълимии бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахассисони дар бозорҳои дохилию хориҷӣ рақобатпазир соли 2024 бо қарори Ҳукумати мамлакат Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” барои давраи то соли 2040 қабул гардид.

Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, дар ин хусус иброз дошт, ки соли 2025 ҳамчун соли дуюми татбиқи марҳалаи аввали нақшаи амали Стратегияи мазкур ба марҳалаи нави ташаккули устувор ва навовариҳои стратегии Донишгоҳ оғоз бахшид. Ӯ таъкид намуд, ки Донишгоҳ бо татбиқи Стратегияи рушди худ дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва шарикони рушд нуфуз ва мавқеи худро дар фазои таҳсилоти миллӣ ва ҷаҳонӣ тақвият бахшид.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, дар омодасозии кадрҳои баландихтисос на танҳо дар бахши сайёҳӣ, балки дигар бахшҳои барои рушди иқтисоди миллӣ зарур нақши калидӣ мебозад. Аз лаҳзаи таъсиси худ, Донишгоҳ босуръат рушд намуда, сохтори худро васеъ мекунад ва мавқеашро ҳамчун яке аз марказҳои пешрафтаи таълимӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа мустаҳкам менамояд. Ҳамин аст, ки соли равон Донишгоҳ дар рейтинги ҷаҳонии “Донишгоҳҳои сабз” – UI GreenMetric World University Rankings 2025, ки дар Донишгоҳи миллии Чи Нани Тайван баргузор гашт, иштирок намуда, таҳсилоти олии кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Чорабинӣ донишгоҳҳои пешсафи ҷаҳонро, ки сиёсати рушди устувор ва “идоракунии сабз”-ро татбиқ мекунанд, гирд овард. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар натиҷаҳои умумӣ соҳиби 5885 хол гардида, байни донишгоҳҳои ҷаҳон мавқеи намоён ва дар радабандии миллӣ мақоми аввалро ишғол намуд.

Фазлиддин Қодирзода, директори Институти сайёҳии Донишгоҳ, таъкид намуд, ки таъмини рушди устувор яке аз авлавиятҳои стратегии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва Донишгоҳ минбаъд низ барои густариши инфрасохтори сабз, истифодаи энергияи каммасраф, самаранокии истифодаи об, кам кардан ва коркарди партовҳо, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва вусъат додани тадқиқоти инноватсионӣ талошҳои худро идома медиҳад, то дар такмили “иқтисоди сабз” ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор саҳми назаррас гузорад.

Ба гуфтаи мавсуф, айни ҳол дар Донишгоҳ ва сохторҳои он тақрибан 20 000 донишҷӯ ва хонандагон таҳсил мекунанд. Таҳсили босифати донишҷӯён аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони баландихтисос, ки зиёда аз 1000 нафарро ташкил медиҳанд, таъмин мешавад. Дар баробари ин, таҳсил дар Донишгоҳ бо усули ба амалия нигарондашуда ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯён дар баробари дар Донишгоҳ аз донишҳои назариявӣ бархурдор гардидан, инчунин, имкон доранд, ки тавассути машғулиятҳои амалӣ дар истеҳсолот ва бо ҷалби коршиносону собиқадорон малакаҳои касбии худро тақвият бахшанд.

Воқеан ҳам, хатмкардаҳои Донишгоҳ мутахассисони муваффақи риштаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ буда, аксари онҳо дар ташкилоту муассисаҳои пешрафтаи кишвар ва давлатҳои хориҷи дуру наздик фаъолият менамоянд, ки далели дар сатҳи баланди таълимӣ ва мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва бозори меҳнат омода шудани донишҷӯён мебошад. Донишгоҳ бо зиёда аз 270 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, илмии ватаниву хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, дар доираи барномаҳои табодули академии омӯзгорону донишҷӯён кормандон ва донишҷӯён ба табодули академӣ фиристода мешаванд. Айни ҳол, зиёда аз 100 донишҷӯйи Донишгоҳ дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар барномаҳои табодули академӣ ширкат варзида истодаанд.

Ҳамзамон, баргузории чорабиниҳои бонуфузи муштараки байналмилалӣ бо иштироки шарикони дохилию хориҷӣ аз чорабиниҳои мунтазами дар Донишгоҳ баргузоршаванда мебошад. Танҳо соли 2025 Донишгоҳ бо ҷалби шарикони хориҷӣ 7 конфронси илмию амалиро доир намуд, ки масъалаҳои мавриди назар дар онҳо аз ҷониби доираҳои илмии кишварҳои хориҷӣ баҳои баланд гирифт.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 29.12.2025 №: 249-250