Интернатсионалистон бо имтиёзҳои Ҳукумати Тоҷикистон таъминанд

29 декабр 2025, Душанбе
12

Интернатсионалистон бо имтиёзҳои Ҳукумати Тоҷикистон таъминанд

Дар Кохи “Афсарон”-и шаҳри Душанбе анҷумани 3-юми Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Масъалаи асосии анҷуман муттаҳид сохтани неруи родмардони интернатсионалист баҳри татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Раиси Иттиҳод Шавкат Мирзоев аз корҳои анҷомдода дар чор соли охир ҳисобот дод. Зикр гардид, ки ҳадафи асосии Иттиҳод сарҷамъ кардани тамоми гурӯҳҳои интернатсионалист дар як ташкилот буда, ба ҳар як интернатсионалист расондани кумаки ҳуқуқию маърифатӣ мебошад. Ҳамчунин, Иттиҳод вазифаҳои худро ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандии интернатсионалистон, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо, инчунин тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии давлат равона намудааст.

Соли 1979 бо даъвати Ҳукумати вақти Афғонистон қӯшунҳои маҳдуди Иттиҳоди Шуравӣ вориди хоки Афғонистон гардида, 10 сол – то 15-уми феврали соли 1989 дар он ҷо монд. Шумораи умумии сарбозону афсарони Иттиҳоди Шуравӣ 546 ҳазору 255 нафарро ташкил медод, ки наздики 10 ҳазор нафари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медод. Сарфи назар аз иштибоҳи сиёсӣ будан ё набудани вуруди қӯшунҳо, сарбозони мо бо талаби замон ва амри тақдир қарзи интернатсионалиро адо намуданд. Интернатсионалистон азобҳои сахту сангинро замони адои хизмат дар Афғонистон кашидаанд. Бинобар ин, ба қадри сулҳу салоҳ, дӯстию бародарӣ, тинҷию оромӣ ба хубӣ мерасанд ва ба он арҷ мегузоранд.

Ҳамаи интернатсионалистон бо имтиёзҳои муқарраркардаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таъминанд.

Ҳотам РАБИЕВ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 29.12.2025 №: 249-250