МУЛОҚОТИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ
12 май Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар Тошкент қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.
Дар ин хусус хабарнигори мо аз шаҳри Тошкент иттилоъ дод, ки зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуда, дурнамои густариши ҳамёрии амалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
«РУШДИ ДЕҲОТ ТАВАССУТИ МУНОСИБАТҲОИ БОЗОРГОНӢ»
Лоиҳаи он муаррифӣ гардид
Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нави «Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ» муаррифӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, лоиҳаи мазкур ба ҳадафҳои барномаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди устувори низомҳои кишоварзӣ мувофиқ мебошад ва дар табдил ёфтани Тоҷикистон аз мамлакати кишоварзӣ ба саноативу кишоварзӣ саҳм мегузорад.
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИДОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идораи молияи давлатӣ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷаласа рафти иҷрои Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021 – 2023 баррасӣ гардид.
БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТҲОИ СИЁСӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ФАРОНСА
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки дар пойтахти кишварамон даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни ниҳоди мазкур, Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор шуда, масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангии ҳар ду кишвар баррасӣ гардиданд.
ДИПЛОМАТИЯИ ОБИ ТОҶИКИСТОН БА МАНФИАТИ ТАМОМИ БАШАРИЯТ
Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар Институти афкори стратегии ин кишвар бахшида ба 31-умин солгарди барқарор шудани муносибатҳои дипломатии байнидавлатӣ дар мавзуи «Дипломатияи оби Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.
Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид месозад, бо назардошти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии захираи оби ошомиданӣ мебошанд, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз саҳми бузурги ҷумҳурии мо дар ҳалли ин мушкилоти глобалӣ арзёбӣ шуданд.
ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
Дар Мактаби президентии шаҳри Хоруғ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм баргузор гардид.
Бинобар иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм дар кори он роҳбарони вазорат ва ВМКБ, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, директорони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Ҷаласа масъалаи вазъи таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимии ВМКБ баррасӣ намуд.