ҶАМЪБАСТИ СОЛ Амирбек Ҷӯрабоев – беҳтарин футболбози соли 2025

29 декабр 2025, Душанбе
17

ҶАМЪБАСТИ СОЛ

Амирбек Ҷӯрабоев – беҳтарин футболбози соли 2025

27-уми декабр дар Кохи “Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар чорабинӣ беҳтаринҳои Лигаи олӣ, ҳайати ҷавонони лигаи олӣ ва лигаи якуми Тоҷикистон эълон ва қадр гардиданд.

Нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии кишвар Амирбек Ҷӯрабоев бори аввал дар таърихи фаъолияти худ ҷоизаи “Беҳтарин футболбози Тоҷикистон”-ро ба даст овард. Ӯ, инчунин беҳтарин нимҳимоятгари Чемпионати Тоҷикистон-2025 эътироф гардид. Дар Лигаи олӣ ҷоизаҳои “Беҳтарин мураббии сол” насиби сармураббии дастаи “Вахш”-и Бохтар Зариф Усмонов, “Беҳтарин ҳамлагари сол" насиби Абдухалил Боронов (КМВА), “Беҳтарин дифоъгари сол” насиби Содиқҷон Қурбонов (“Истиқлол”), “Беҳтарин дарвозабони сол” насиби Адам Ковач («Вахш»), “Беҳтарин бозигари хориҷӣ” насиби Дмитро Билоноги украинӣ ("Вахш"), “Беҳтарин нишонзани сол” бо 12 гол насиби Шон Поул Камолафе ("Хуҷанд"/"Истиқлол") гардид.

Дар ҳайати ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон Муҳаммад Назриев бо 30 гол “Беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон-2025”, сармураббии ҳайати ҷавонони КМВА Ҷамшед Баротов “Беҳтарин мураббӣ” эълон шуданд.

Дар Лигаи якум ҷоизаи “Беҳтарин дарвозабон”-ро Қурбоналӣ Бобоев ("Сардор") сазовор гашт. Ҳамлагари дастаи “Душанбе” ва мунтахаби наврасони то 17-солаи кишвар Назрулло Ашурализода бо 33 гол “Беҳтарин нишонзан”, Некрӯз Зокиров аз ҳайати "Шодмон"-и Ҳисор “Беҳтарин бозигари Лигаи якум”, сармураббии дастаи “Парвоз” Алишер Полвонов “Беҳтарин мураббӣ” эътироф гаштанд.

Сармураббии тими “Сардор”-и шаҳри Турсунзода Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ва бозигари дастаи “Регар-ТадАЗ” Шервонӣ Мабатшоев бо ҷоизаи махсуси Федератсияи футболи Тоҷикистон қадр шуданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки таҳти роҳбарии Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дастаи "Сардор"-и шаҳри Турсунзода, ки соли 2022 ташкил шудааст, ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт. Шервонӣ Мабатшоев бошад, имсол дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон 7 гол зад.

Ҷоизаи “Беҳтарин довари сол” насиби гурӯҳи доварон: Гулмуроди Саъдулло, Ҳасан Каримов ва Фарҳод Қуралов гашт.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.12.2025 №: 249-250