Гранд-слами Душанбе-2026-ум 1-3-юми май доир хоҳад шуд

29 декабр 2025, Душанбе
25

ҶУДО

Гранд-слами Душанбе-2026-ум 1-3-юми май доир хоҳад шуд

Тақвими байналмилалии ҷудо-2026 ба варзишгарон ва мухлисон чорабиниҳои пурҳаяҷонро ваъда медиҳад. Сайри ҷаҳонии ҷудо бо мусобиқаи машҳури Гранд-слами Париж, ки 7-8-уми феврал ба нақша гирифта шудааст, оғоз мегардад. Илова бар Париж, дар тақвими соли 2026 нуҳ чорабинии дигари Гранд-слам мавҷуданд: Тошканд, Тбилиси, Душанбе, Остона, Улан-Батор, Лозанна, Будапешт, Абу-Дабӣ ва Токио. Гранд слами Душанбе 1-3-юми май доир хоҳад шуд. Чор мусобиқаи Гран-при дар Линс, Лима, Қиндао ва Загреб низ барои варзишгарон имконият фароҳам меорад, то худро дар саҳнаи байналмилалӣ санҷанд ва мавқеашонро дар радабандии ҷаҳонӣ беҳтар кунанд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими сол Гранд слами Улан-Батор (19-21.06) хоҳад буд, зеро аввалин мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028 мебошад. Аз 21-уми июн сар карда, ҳар як мусобиқаи Сайри ҷаҳонии ҷудо аҳамияти бештар пайдо мекунад, зеро варзишгарон талоши худро барои роҳхати олимпӣ бештар менамоянд. Дар Чемпионати ҷаҳон дар Боку (4-10.10), ки дар он холҳои муҳими рейтингӣ дода мешаванд, талошҳо боз ҳам бештар хоҳанд шуд.

Дар баробари калонсолон, соли 2026 барномаи пурраи чемпионатҳои ҷаҳон дар категорияҳои синну соли гуногунро дар бар мегирад, ки динамизми насли ояндаи ҷудоро нишон медиҳад. Чемпионати ҷаҳон байни наврасон аз 20 то 23-юми август дар Гуаякил (Эквадор), миёни ҷавонон бошад, аз 22 то 25-уми октябр дар Аммон (Урдун) ба нақша гирифта шудаанд. Ҷудочиёни ҷавон, инчунин, як чорабинии муҳими дигарро пеши назар доранд: Бозиҳои олимпии наврасон дар Дакар (Сенегал), ки аз 1 то 3-юми ноябр баргузор хоҳад шуд.

Илова бар мусобиқоти Сайри ҷаҳонии ҷудо, соли 2026 бо мусобиқаҳои сершумори қитъавӣ, ки таҳти сарпарастии созмонҳои қоравӣ ташкил карда мешаванд, ғанӣ хоҳад шуд. Ин мусобиқаҳо низ барои варзишгарон имкониятҳои муҳимро барои ба даст овардани холҳои рейтинги ҷаҳонӣ ва олимпӣ фароҳам меоранд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.12.2025 №: 249-250