Рӯнамоии ҷилди нави китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»

31 декабр 2025, Чоршанбе
7

Рӯнамоии ҷилди нави китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент»

Дар ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷилди XXXVII китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» рӯнамоӣ гардид.

АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки китоби нави «Ваҳдат, Давлат, Президент» идомаи силсилакитобҳо таҳти ҳамин унвон буда, фарогири мақолаҳои илмӣ оид ба марҳалаҳои муҳими давлатсозӣ, ривоҷу равнақи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, сиёсати сулҳҷӯёна ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252