Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

31 декабр 2025, Чоршанбе
12

Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парватиро ба ҳузур пазируфт.

АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар дидор ҳамсуҳбатон перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ табодули афкор намуда, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда, чорабиниҳои дарпешистода, инчунин, имконоти густариши равобити тарафайнро дар соҳаҳои мухталиф матраҳ намуданд.

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252